Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,
З₋ин сабаб ҳам модаронро сӯзиши дил дигар аст.
Зан-модар дар ҷаҳони гузаштаву имрӯза мақом ва мавқеи хос дорад. Аз нигоҳи Ислом модар дорои ҷойгоҳи волост. Худованд ранҷу машаққатҳои модарро дар китоби азимушшаъни худ Қуръон баён намуда, мефармояд: “Одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем: Модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст: ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст: (ҳукм фармудем, ки) маро ва падару модари худро шукргузорӣ кун”. (Сураи «Луқмон», ояти 14).
Модар он неъмати бузурги илоҳист, ки ғайр аз Одаму Ҳавво, дигар кулли инсонҳо дар домони ӯ парвариш ёфта, аз меҳру муҳаббат, навозиш ва дӯстдориҳои ӯ бархӯрдор гаштаанд. Агар Худованд модарро чунин меҳрубон намеофарид, аксари навзодон зоеъ мешуданд. Аз лаҳзаҳои аввали бордорӣ модар дар вуҷуди худ ноҳинҷориҳои зиёдеро эҳсос менамояд, вале хушҳол аст, ки тифле ба дунё хоҳад овард. Бораш рӯз то рӯз вазнинтар шуда нишастану бархостан барояш торафт душвортар мегардад, вале бо ин ҳама ранҷ модар аз мавҷудияти ҷони дигар дар худ меболад. Ҳангоми таваллуд модар бо марг дастбагиребон мешавад, аммо бо дидани чеҳраи тифлаш ашки шодӣ аз дида меборад. Танҳо модар аст, ки бо вуҷуди ин ҳама машаққатҳо ба фарзанд душман намешавад, балки бештар аз ҷон дӯсташ медорад.
Қадру манзалати модар чунон баланд аст, ки Худованди Маннон бандагонашро ба эҳтироми ӯ тавсия менамояд ва Расули гиромии Ӯ ҷаннатро бо он ҳама нузҳату ҷалол дар зери қадамҳои модарон қарор медиҳад. Дар ҳадиси шариф омада: “Нигоҳи фарзанд ба чеҳраи падару модар аз рӯйи муҳаббату шафқат нисбат ба онон, ибодат аст”.
Яке аз асҳоби киром нақл мекунад: “Ҳамроҳи Расули Худо бар фарози куҳе рафтем. Он ҷо дарае дар чашмандози мо қарор дошт. Нигоҳам ба ҷавоне афтод, ки ба чаронидани гӯсфандон машғул буд. Аз ҷавониаш хушам омад. Ба Расулуллоҳ (с) гуфтам: «Ё Расулаллоҳ! Чӣ ҷавоне! Кош ҷавонии ин фард дар роҳи Худо сарф мешуд». Расули Худо фармуданд: «Шояд дар роҳи Худо сарф мешавад ва ту намедонӣ?» Расулуллоҳ он ҷавонро садо кард ва аз ӯ пурсид: «Эй ҷавон, оё касеро дорӣ, ки ба ӯ расидагӣ кунӣ ва харҷашро бидиҳӣ ва таҳти такаффули ту бошад?». Гуфт: «Оре». Ҳазрат пурсиданд: «Ӯ кист?» Гуфт: «Модарам». Расули Худо (с) фармуд: «Хуб аст, бирав ва мувозиби ӯ бош, зеро, ки биҳишт дар зери пои модар аст”.
Домони модар нахустин мадрасаи кӯдакон аст. Дар ин мадраса на фақат забони гуфтору пои рафтор меомӯзанд, балки нахустин хишти бинои фикрӣ ва руҳии кӯдакро мегузоранд. Шаклгирии ибтидоии шахсияти тифл аз ҳамин мактаб оғоз мегардад. Тифл аввалин дарсҳои худро бо нигоҳ аз модар меомӯзад. Модар босаводу тарбиятдида ва соҳибистеъдод бошад, фарзандаш манфиатрасони ҷомеа мегардад. Бача агарчи баъдан ба мактаб меравад ва муҳиташ дигар мешавад, боз ҳам нақши тарбияи модар бар тарбияи падар, устод ва ҷомеа бартарӣ дорад.
Дар замони Пайғамбар (с) марди машҳуре буд, бо номи Алқама ва лаҳзае тоату ибодати парвардигорро фаромӯш намекард. Рӯзе ҳамин Алқама бемор шуда ба бистари марг афтод. Саҳобагон бисёр кӯшиш намуданд, ки пеш аз марг калимаи шаҳодатро бар забонаш ниҳанд, вале Алқама онро ба забон оварда натавонист. Ҳоли Алқамаро ба Пайғамбар (с) хабар доданд. Пайғамбар (с) аз онҳо пурсид, ки оё Алқама падар ё модар дорад? Саҳобагон гуфтанд: «Оре, як модари пир дорад». Пайғамбар (с) ба назди модари Алқама рафта пурсиданд: «Оё ту аз Алқама розӣ ҳастӣ?». Модар дар ҷавоб гуфт: «Не, ман аз Алқама розӣ нестам, зеро ӯ ҳамсари худро аз ман беҳтар медонист ва ӯро нисбат ба ман бештар эҳтиром мекард». Пайғамбар (с) ба модари Алқама гуфт: «Аз Алқама розӣ бош ва аз гуноҳи ӯ даргузар, вагарна дар азоб мемонад». Модари пиру меҳрубон ҳоли вазнину ногувори ҷигарбандаш Алқамаро дида аз ӯ розӣ шуд, танҳо баъди аз ин Алқама ба осонӣ ин дунёро падруд гуфт.
Ин қисса барои ҷавонону наврасони мо бояд дарси ибрат бошад ва кӯшиш намоянд, ки эҳтироми волидайн, хусусан модарро аз таҳти дил ва бо камоли сидқу вафо ба ҷо оранд.
Парвардигоро, ба мо тавфиқи риояи ҳуқуқи модарон ато фармо ва онҳоро аз мо розӣ гардон. Омин.