Arzon march 2024
Ба апаам хиёнат кардам Қисми 2
14.11.2022
Нисо
2500

                           Ишқ омаду

Пас аз як ҳафтаи занг задану илтиҷо карданҳои Нурҷаҳон ман ҳамроҳи ӯ ба тарабхона рафтам, ӯ бо мошини қимматбаҳои хориҷӣ бо дастаи гул ба наздам омаду мо ҳар ду ба тарабхонаи бонуфузе рафта, ду соат хӯрсандӣ кардем. Аз рӯи нақли Нурҷаҳон фаҳмидам, ки ӯ писари ягонаи волидонаш буда, падараш духтури дандон буда, клиникаи шахсӣ доштаасту модараш бошад, хизматчии давлатӣ шуда кор мекардааст. Ман бо Закия ягон бор дар бораи ишқу муҳаббат ҳарф назадаам ва худамро назди ӯ гунаҳгор намеҳисобам, гар хоҳӣ, худи пагоҳ ба вай мегӯям, ки ману ту хонадор мешавем,- гуфт ҳангоми хайрухуш Нурҷаҳон, вале ман гуфтам, ки беҳтараш апаам чизеро надонад. Акнун рӯз дар миён бо Нур вомехӯрдем, аксари вохӯриҳоямон дар хонаи зебою пурҷиҳозе, ки падараш барои ӯ дар маркази шаҳр харида буд, баргузор мегашт. Мо дар як бистар мехобидем, ӯ бо тамоми ҷисми ман ошно буду сар то поямро бо меҳр мебӯсид, вале аз муносибатҳои ҷиддӣ худдорӣ мекардем. Мани оғӯши мардро надида, Нурҷаҳонро девонавор дӯст медоштаму агар дертар занг занад, девона мешудам…

                                         Душмани худӣ

Ману апаам дар як хона мехобидем ва медидам, ки ӯ чӣ гуна шабҳо болишташро аз оби дида тар мекунад, вале ман худамро ба хоб зада, азиятҳои ӯро нодида мегирифтам. Дили ошиқам ба ҳоли ӯ намесӯхт, аз нақлҳои Нурҷаҳон мефаҳмидам, ки ӯ алоқаашро аз Закия тамоман кандааст. Гоҳе худ ба худ меандешидам, ки агар апаам мефаҳмид, ки ҷудогари онҳо дар паҳлӯяш хобидааст, шояд маро буғӣ карда мекушт. Ӯ ба ман дар ин бора даҳон намекушод, гӯё чизе нашуда бошад, бо табъи болида ҳамроҳам сӯҳбат мегирифту ҳамин, ки маро «хоб» бурд, ба гиря сар мекард ва пичир-пичир ба худаш чизе мегуфт. Апаам ҳамон соли хонишро ба зӯр ба поён расонду бо ёрии падарам ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Қазони Федератсияи Русия гузашта, ба қавле «сарашро гирифта» рафт. Ман нафаси озод кашидаму пеши Нурҷаҳон шарт гузоштам, ки хостгоронашро фиристад, ӯ низ не нагуфт. Мо ҳар ду дар соли охири донишгоҳ мехондему ошиқам чун табиб дар клиникаи падараш кор мекард. Волидонам хостгорони Нурҷаҳонро хуб пазируфтанд, вале барои хафа нашуданаш ба Закия телефон карда гуфтанд, ки розӣ шав, то хоҳаратро пеш аз ту ба шавҳар диҳем. Закия ҳатто напурсид, ки домод кист ва бо хурсандӣ розигияшро дод. Модарам, ки аз моҷарои ба сари духтаронаш омада хабаре надошт гуфт:

-Закия мегӯяд, ки то дар соҳаи тиб профессор нашавам, шавҳар намекунам…

                                            Тӯй ва нафрат

Нурҷаҳон маро бо волидонаш шинос кард, модараш то тӯй бо ман аллакай дугона шуд ва духтарҷон гуфта муроҷиат мекард, ман низ аз бахтам меболидам, вале як тарс доштам, ки Закия домодро дида, чӣ мегуфта бошад? Рӯзи тӯй ҳам фаро расид, апаам субҳи рӯзи арӯсбаророн бо тӯҳфаҳои зиёде расида омад ва вақт ёфта пурсид, ки домод кист?

-Ростӣ, ӯро намешиносам,- ҷавоб додам худамро гум карда ва апаамро дар ҳайрат гузоштам. Закия бо тааҷҷуб боз савол дод:-Ё тавба, чӣ хел бо одами ношинос хонадор мешавӣ?

-Модараш маро хуш кард,- гуфтам ба сӯҳбат нукта гузошта. Апаам ҳамроҳам ба кошонаи ҳусн рафта, ҳамроҳи машшотаҳо маро орою торо дод, ороишотҳои замонавии аз Маскав махсус бароям овардаро ба гӯшу гарданам овехту ба хона баргаштем. Садои карнаю сурнай аз омадани домод хабар медод, пас аз чанд лаҳзае Закия бо ранги канда вориди хона шуду ба дугонаам нигариста гуфт:

-Нозия, моро як лаҳза танҳо мон.

Нозия берун баромаду Закия ба рӯям туф карда гуфт:

-Мур ту бешарафи Худозада, илоҳӣ рӯи бахтро набинӣ!!!

Закия ба тарабхона ба тӯям наомад, чун аз модарам сабаб пурсидам, гуфт, ки бемор шудааст. Апаам маро надида, баъд аз се рӯзи тӯйи ман боз ба Қазон рафт….

                                       Дуои мустаҷоб

Ҳамин тавр дар ду соли зиндагиям соҳиби фарзанд шуда бошам ҳам, апаам ягон бор занг зада, табрикам нагуфт, ҳатто кор мекунам гуфта, баҳона пеш оварда, дигар ба Ватан наомад. Зиндагии хушбахтона, ки доштам, парвои хафагии апаамро намекардам, Нурҷаҳон маро болои даст мебардошту ягон бор дар бораи Закия даҳон намекушод. Фарзанди дуюмамро интизор будам, ки шавҳарам ҳамроҳи рафиқонаш ба Варзоб рафту мошинашон ба дарё парида, онҳо ғарқ шуданд. Часади варамидаи пур аз хоку хуни шавҳарамро танҳо баъди як моҳ пайдо карда, ба хок супоридем. Бо ду фарзанд дар синни бистушашсолагӣ бева мондам, хусуру хушдоманам баъди додани соли Нурҷаҳон ба ман гуфтанд, ки ҷавон ҳастӣ, кӯдаконро ба мо монда, шавҳари дигар намо, вале ман қасам хӯрдам, ки умрамро ба фарзандонам мебахшам. Закия имрӯз номзади илми тиб аст, дар шаҳри Қазон бо ҷавони тоҷике хонадор шуда, соҳиби духтарчаи зебое шуд. Дар додани сари соли Нурҷаҳон хонаам омада, бо ман оштӣ кард. Ман низ аз ӯ бахшиш пурсидам, апаам ба ман сирреро кушод, ки аз шуниданаш то ҳол ба худ наомадаам. Нурҷаҳони ман ҳамроҳи апаам як сол мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардааст, аммо инро аз ман пинҳон карда будааст… Ба Закия гуфтам, агар дар ҳамон рӯзи тӯй ҳамин гапро ба ман мегуфт, ман аз баҳри Нурҷаҳон мегузаштам, ӯ хандаи талхе карду чизе нагуфт. Имрӯз ман ба тарбияи писаронам машғулам, кори хуби сердаромаде дораму зуд-зуд ба хориҷа сафар мекунам. Ҳамроҳи хусуру хушдоманам зиндагӣ карда, аз чизе танқисӣ надорам, вале аз бахти ширини оилавӣ ва лаззати зан будан бенасибам. Зеро ба шахси наздиктарин, апаи ҳамхунам хиёнат кардам….

                                                         Рамзия

                                                     Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД