Ман Раҳмон, зодаи шаҳри Норак як соле пеш ба Руссия омада будам, то барои тӯйи бародарам пул кор кунам. Модарам бемор буд ва мехост пеш аз маргаш писарашро хонадор кунад. Аввал хостем гову мол ва мошинро фурӯхта тӯйро гузаронем, вале баъд андеша кардем, ки модарам бемор аст, агар мошинро фурӯшем, шабу нимашаб касал шавад, чи тавр ӯро ба беморхона мебарем. Ҳамин тавр роҳи ягонаро дар муҳоҷирати меҳнатӣ дида, роҳи кишвари русро пеш гирифтам. Корам омад карду дар Русия зиёд сарсону саргардон нашуда ҷойи кор ёфтам. Кор бисёр вазнин бошад ҳам, пули хуб медоданду аз чизе танқисӣ намекашидам, аммо ҳушу хаёлам мудом ба модари беморам банд буд. Телефонам занг занад, дилам таҳ мекашид, ки мабодо бо модарам ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад. Ҳамин тавр қариб як сол кор кардам. Бардарам бо пули фиристодаи ман хонаро пурра аз таъмир баровард, акнун бояд тӯйро мегузарондем, вале тақдири номард ба модарҷони ормониам дидани ҷомаи домодиро дар тани писараш насиб накард. Ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз тӯйи бародарам бемории модарам хурӯҷ карда, аз олам чашм пӯшидааст.
Вақте хабари марги модарро ба мани мусофир расонданд, замину осмон дар назарам тираву тор гашт. Очаҷон гуфта, сарамро ба дару девор задам, аммо тақдири шумро дигар тадбир карда намешуд. Сарам чарх зада аз бом афидам, дигар чи шуд, дар хотирам нест. Муддати ду ҳафта дар беморхона бе ҳушу бе ёд хобида, базӯр ба худ омадам. Ҳоло кам-кам роҳ мегардам, вале ҷигарам хун аст, ки ҳатто аз гӯшаи тобути модар гирифта натавонистам. Акнун мани ғариб ва сарсахт ҳасрати дидори модарҷонамро бо худам ба гӯр мебарам. Бародарон аз дасти додани модар бисёр дарди ҷигарсӯз будааст. Модаронатонро эҳтиёт намоед ва ба қадрашон бирасед, вагарна дер хоҳад шуд!
Бо эҳтиром: Раҳмон аз Русия