Оё рафтани зан ба ҳаммоми умумӣ (сауна ва бассейнҳо) иҷозат аст. Чун ҳоло фасли гармо асту ҳамагон ба ҳавзҳои шиноварӣ мераванд ё дар зимистон дугонаҳо ҷамъ шуда, ба саунаҳо меравем.
Савринисо, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Агар дар хона шароити ҳаммом, ғусл ва оббозӣ дошта бошед, зарур нест, ки ба ҳаммоми умумӣ биравед.
Аз Имом Тирмизӣ ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад, пас занашро ба ҳаммом нафиристад».
Тирмизӣ ривоят кардааст: Гурӯҳе аз занони Ҳимс ё Шом ба назди Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дохил шуданд.
Оиша ба онҳо гуфт: “Шумо заноне ҳастед, ки ба ҳаммом меравед? Ҳол он ки аз Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаам, ки мефармуд: «Ҳар зане, ки либосҳояшро дар ғайри хонаи шавҳараш берун оварад, сатр ва пардаи байни худ ва Парвардигорашро даронидааст».
Аммо агар ғусл кардан дар хонааш ғайриимкон бошад, пас дар ин ҳолат, барояш ҷоиз аст, ки аз рӯи зарурат, пӯшиш ва ҳифзи чашмро риоя намуда, ба ҳаммоми умумӣ биравад.
Бинобар ин, занонро мебояд, ки аз рафтан ба ҳаммомҳои умумӣ парҳез кунанд.