Arzon march 2024
Ҳазрати Муҳаммад (С.С) ба Юсуфи паёмбар монанд буд?
10.05.2022
Оила
977

 

Мегӯянд, ки дар байни тамоми паёмбарон Ҳазрати ЮСуф ва Ҳазрати Муҳаммад аз ҳама зеботар будаанд, вале дар бораи он ки мушаххасан сурати паёмбарамон чӣ гуна буд, касе чизе намегӯяд. Мехостам донам, ки чеҳраи Ҳазрати Муҳаммад чи гуна буд ва чашму абрувонашон чи шакл дошт. Илтимос, дар ин бора каме маълумот диҳед.
Сайёра, н. Шаҳринав

Посухи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Симои Паёмбари исломро ман аз забони Умми Маъбади Хузоъӣ, ки Расули Худо (с)-ро, дар аснои муҳоҷират аз Макка ба Мадина ҳангоми аз канораи хаймаи ў гузаштанаш дида, барои шавҳараш тавсиф кардааст, нақл мекунам: «Зебоияш чашмгир буд, симояш нуронӣ ва чеҳрааш дурахшанда, марде хушахлоқ ва некӯ сират буд. Ҷисмашро бузургии шикам ё бузургии сар айбнок нагардонида буд. Кўчакии сар низ баданашро номутаносиб накарда буд. Хушандом ва хушрўй буд. Чашмоне сиёҳва мижгоне баланд дошт. Садое гарм ва гардане афрошта дошт. Чашмоне гиро ва сурмакашида, абрўвоне монанди камон дошт, ки дар айни ҳол ба ҳам пайваста буданд. Гесўвонаш сиёҳфом буд. Вақте сукут мекард, виқораш дучандон мешуд ва чун лаб ба сухан боз мекард, оростагӣва ҳайбаташ афзун мегардид. Аз дур зеботарин ва хушсимотарин мардум ба назар меомад ва аз наздик некутарин ва ширинтарин мардум ҷилва мекард. Гуфтораш ширину дилчасп буд. Ба андоза сухан мегуфт, на каму на зиёд ва чунон буд, ки гўйӣ гуфтораш риштаҳои марвориду гавҳар буданд, ки сарозер мешуданд. Миёна боло буд, на кўтоҳии қадашан доми ўро аз нигаристан боз медошт ва на баландии қоматаш қаду болои ўро аз дилангезӣмеандохт. Шохае сабзу пуртароват буд, ки агар дар миёни ҳарду шохаи дигаре қарор мегирифт, аз ҳар се мутаносибтар ва аз ҳар се некӯ манзартар буд. Ҳамроҳоне дошт, ки перомунашҳалқа зада буданд. Ҳаргоҳ сухане мегуфт, ба суханаш гўши ҷон месупурданд ва ҳаргоҳ фармоне медод, аз ҷону дил фармонашро мебурданд. Ҳамагўш ба фармон ва ҳамагон пайваста толиби дидораш буданд ва ҳамвораперомунашгирд меомаданд. Ҳеҷ гоҳ чеҳра дар ҳам намекашид ва ҳаргиз касеро таҳқир намекард ва кўчак намешумурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД