Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» муаллимаи азиз, сокини маҳаллаи 83-юми шаҳри Душанбе, Мамадаёзова Мавлудахон мебошанд. Саволи мо ба меҳмон чунин аст:
-Саодати оилавиро дар чӣ мебинед?
-Дар як ривояти Салмони Форсӣ меояд, ки рӯзе хотуни қиёмат Фотимаи Заҳро (Разияллоҳу ъанҳо) даромад назди Расули Худо (саллаллаҳу ъалайҳи ва саллам), чун назараш ба вай афтод, гирён шуд. Пайғамбар аз вай савол кард:
-Чӣ чиз гирёнид туро Фотима?
Фотима гуфт:
- Ё Расули Худо шаби душ сухан рафт миёни Алӣ ва ман. Ҳамроҳи ӯ мазоҳ кардам ва Алӣ дар ғазаб гардида, хост аз хона барояд, ба сабаби сухане, ки бе қасди ман гуфта шуда буд ва аз забони ман содир шуд. Чун дидам Алӣ дар ғазаб шуд, узрхоҳӣ кардам ва ҳафт маротиба гирди сараш гаштам то аз ман розӣ шуд ва ба рӯям бихандид. Бо вуҷуди розӣ шудани ӯ аз Худои таоло тарсидам ва ба назди шумо омадам.
Пайғамбар фармуд, ки :-Эй фарзанд, савганд ба зоти Илоҳӣ, ки ба ростӣ маро ба халқ фиристодааст. Агар ҳар оина қабл аз розӣ шудани шавҳарат вафот мекардӣ, ҷанозаи туро намехондам. Эй духтари ман, ту надонистаӣ, ки ризои шавҳар, сабаби ризои Худованд аст ва нохушнудии шавҳар сабаби нохушнудии Худованд аст. Эй Фотима мар он занро, ки шавҳар аз вай розӣ бошад, ҳар шабу рӯз ризои шавҳар ҷӯста бошад, беҳтар бувад пеши Худованд аз ибодати яксола.
Аз ин бармеояд, ки саодати оилавӣ дар ҳурмату эҳтироми байни зану шавҳар аст, ки сарриштааш дар дасти зан мебошад. Дар байни мардуми мо анъанест, ки ба духтарон ҳурмату этироми волидайну пайвандон, ҳатто ҳаққу ҳамсояро ёд медиҳему дар бораи ҳурмати шавҳар кам мегӯем.