Ӯ бо асобағал базӯр роҳ мерафт, як пояш аз зону боло буридаву пои дигараш аз чанд ҷояш шикаста буд. Дар зери дарахте нишаста, аз кисааш даструмолро баровард ва арақи сару рӯяшро пок карда зери лаб пичиррос зад:
-Сазои мани майзада ҳамин! Бадкирдориям маро ба чунин ҳол овард, агар дар вақташ ба гапи модарам гӯш медодам, ҳеҷ гоҳ ба ин ҳол намеафтодам.
Сипеҳр бачаи қобилу гапдарои кампири Робия буд. Модараш ӯро бепадар ба воя расонд. Худаш нахӯрду ӯро хӯронд, худаш напӯшиду ӯро пӯшонд. Сипеҳр бачаи хуб буд, то он замоне, ки бо Асаду Самад ном бачаҳои бадахлоқ ошноӣ пайдо кард. Дӯстони наваш, ки ба майнӯшию қиморбозӣ одат карда буданд, кирдори «хуб»-и худро ба ӯ низ омӯхтанд. Сипеҳр дигар он бачаи қобилу накӯкори пешина набуд. Сад дар сад тағйир ёфта, дигар дар дарсҳо иштирок намекард. Ба гапи модару омӯзгорон гӯш намедод ва рӯзи дароз дар кӯчаҳо оворагардӣ мекард. Маблағҳои пасандозеро, ки модар барои рӯзи мабодо пинҳон мекард, дуздида қиморбозӣ мекард ва аксар вақт бой медод. Шаб масту аласт ба хона омада, ба модараш дар меафтод ва то дилаш хунук шудан кампираки бечораро зада, пул мепурсид. Баъзе шабҳо ба хонаи занҳои фоҳиша рафта то саҳар ишрат мекард.
Рӯзе чун одатҳои пешин бо ҷӯраҳои ҷониаш Асаду Самад вохӯрд ва пас аз нӯшидани машрубот бо рӯҳи болида, сурудхонон ба сӯи хонаашон раҳсипор гардид. Нохост аз наздаш сагчае баромад. Сагча ба сӯяш аккос заду дар бало монд.
-Ҳоло ту лаънатӣ ба сӯи ман аккос мезанӣ?! Исто адабатро надиҳам, намемонам,-гӯён ба миёни сагча як лагад заду пойи росташро ба миёни саг гузошта, бо дастонаш ду пойи пасашро гирифта, ба ақиб тоб дод. Пойҳои сагча шикастанд. Бечораи ҷонвар бо ду пойи пешаш бо ашки шашқатор базӯр роҳ мерафт. Сипеҳр нолакунон бо дастонаш хазида-хазида гурехтани сагчаи маъюбшударо дида, қоҳ-қоҳ механдид. Хост, ин қаҳрамонии худро бо рафиқонаш «шӯяд» ва қарор дод, ки воқеаи «таърихи»-ро дар дараи Варзоб бояд қайд кард. Ба ҷӯраҳояш занг зад. Дӯстон ин пешниҳоди ӯро қобили қабул донистанд. Ба ёдаш расид, ки модараш бояд дирӯз нафақа гирифта бошад. Давон ба хона омад. Модараш, ки ба шустани дегу табақ машғул буд, аз ба шаст ворид шудани писар ба таҳлука афтода, аз паси Сипеҳр ба хонаи хоб даромаду дид, ки Сипеҳр курпачаю болиштҳои рӯи сандуқро ба ҳар сӯ ҳаво дода истодааст. Аз рафтори писар рамуз гирифта гуфт:
-Аз ин сандуқи холӣ чӣ мекобӣ?
-Пул мекобам, пул, мамаша!
-Писарам, пул надорам! Мани кампир пулро аз куҷо меёбам?!
-Чӣ хел надорӣ, дирӯз нафақа гирифтӣ ку?! Он пулҳоро дар куҷо пинҳон кардӣ аҷуза? Сипеҳр бо ситез аз гиребони модараш гирифта, кампирро ба шаст ба девор зад. Бечора модар гирёну нолон қасам рӯи қасам мехӯрд, ки ҳанӯз нафақаашро нагирифтааст, вале писари ҷоҳил ба гапаш бовар накарда, бо зарби мушту лагад пул рӯёндан мехост. Сипеҳр он қадар модарро бераҳмона зад, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зада, рӯйи фарш ғелид ва дилаш аз тапидан бозмонд. Писари нохалаф модарро ба ҳоли худ гузошта охирин пулҳои барои гурӯ чӯбаш ҷамъкардаи кампирро гирифту аз дар берун шуд.
Сигор зери лаб Сипеҳр ба мошин нишаста, боре наандешид, ки модари бо сад азоб ӯро ба воя расонида ба шаҳодат расида манаҳаш аллакай афтидааст. Таҳти садои мусиқӣ мошин ба роҳ баромад, вале…
Сипеҳри модаркӯш ва ҷӯраҳояш дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ба садама дучор шуданд. Самад ҷони худро аз даст доду Асад аз ақл бегона шуд. Ягона шахсе, ки ҷон ба саломат бурд, Сипеҳре буд, ки пеш аз сафар бо дасти худ модари зорашро ба қатл расонд. Дар беморхона баъди ба ҳуш омадан, аввалин сухане, ки Сипеҳр ба забон овард ҳамин буд:
-Оча, об, диҳед! Очаҷон, об диҳед!
Фарзанди нохалафе, ки қотили модари худ гашта буд, боз дар ҳоли мадҳушӣ аз модар мадад меҷуст. Ҳоло ҳамон сагчаи бегуноҳи бечора, ки бо пойҳои шикаста зӯзакашон роҳ мерафт ва чеҳраи ғарқи хуни модар пеши назараш меомад. «Оҳи дили модар ва дуои сагчаи бегуноҳ маро гирифт. Ҳоло сари манзили модари муштипарам равам, пасон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рафта иқрор мешавам, ки ман қотилам. Қотили модарам». Сипеҳр инро гуфту оҳи сард кашида аз ҷояш бархост. Писари модаркуш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд, вале фардои қиёмат назди Парвардигор чӣ ҷавоб медода бошад?!