sebiston july new
Ҷазои писари эрка
20.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1395

 

Салом ба аҳли қалам ва хонандагони закии Oila.tj. Ман ба мутолиа аз хурдӣ ҳавас дорам, ҳоло ки дар нафақа ҳастам, вақти бисёрамро сарфи хондан мекунам. Ба коста шудани ахлоқи ҷавонони имрўз назар афканда, мехоҳам аз таҷрибаи ҳаёти худам воқеаро нақл кунам, ки шояд барои нафароне дарси ибрат гардад.

Бачаи дўстдошта

Падару модари ман чор писару чор духтар доштанд, вале гумон мекардам ба ман меҳрашон дигар аст. Ман барои ба боварии волидонам сазовор шудан шабу рўз мехондам ва бо дониши худам ба риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кардам. Дар зинаҳои мансаб низ бо қувваю нерӯи худам боло рафтам, на бо дастгирии тағою амакҳо… Биступанҷсола шудаму баъд хонадор шудам, келинро волидонам хуш карданд. Ман ҳамсарамро гирифта, ба шаҳр овардам, ў нав мактабро хатм карда буд. Бо мусоидати ман ба Донишгоҳи омўзгорӣ, шуъбаи ғоибона дохил шуда, дар боғчаи бачаҳо ба кор даромад. Зиндагии шоистае доштем, таваллуди духтару писарам зиндагонии моро рангину гуворотар намуданд. Ман кӯшиш мекардам, ки онҳо ба донишомўзӣ шавқ дошта бошанд, аммо ҳамсарам писарамро эрка мекард. Оқибати эркагиҳо ба ҷое расид, ки ў умуман хондан намехост, гўё ҳама аз вай қарздор буданду бояд чизе, ки бихоҳад, иҷро шавад. Ман ба ҳамсарам мегуфтам, ки ман писари дўстдоштаи волидонам будам, аммо ҳеҷ гоҳ аз ин сӯистифода намекардам, фарзандро эрка карда, гуноҳашро напўшон, ки оқибат дарди сарат мешавад, аммо ба кӣ мегўӣ? Тамоми маоши ҳамсарам сарфи писари ноздонааш мешуд, ман шабу рўз кор мекардам, ҳар гоҳе вақт ёбам, бо писарам сўҳбат мекардам, аммо медидам, ки ў ба ман ошкоро нест, чуноне ки бо модараш аст.

Муштзӯр

Писарам аёми мактабхонӣ зуд-зуд авбошӣ мекарду ба дасти ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ меафтид, ҷарима ҳам шудем, аммо ў бетартибияшро бас накард. Мактабро хатм карду ба донишгоҳ дохил кардем, онро базӯр хатм намуд. Духтарам баръакси додараш хеле донишманд буд, донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард, кораш ҳам хуб буд, ба ҷавони хубе ба шавҳар баромада, соҳиби фарзанд шуд. Аз кирдорҳои додараш азоб мекашид, маро тасалло медод. Ҳамсарамро зиқии зиёд ба бемории дил гирифтор кард. Хешу табор мегуфтанд, ки ҷавон аст, ҳоло зан гираду соҳиби фарзанд шавад, хуб мешавад. Писарам баъди хатми донишгоҳ ҷое кор намекард, вале ба хотири зориҳои ҳамсарам рўи принсипҳои худ по монда, ўро хонадор кардем. Келин духтараки писандидаи писарам буд, вале маълумоти олӣ надошт, кам-кам дўзандагӣ мекард. Онҳо пайи ҳам соҳиби се писари нозанин шуданд, аммо писарам одам нашуд, ки нашуд…

Рўзи дароз хоб мекарду бедор шавад, назди се-чор рафиқи мисли худаш бекорхӯҷа рафта, то нимаҳои шаб мегашт. Як рўз дар набудани ман мошинамро гирифта, дар роҳ ба як таксӣ бархӯрд, ин қадар гирди номам ҳангома шуд, ки ногугуфтанӣ. Вале ман рўирост гуфтам, ки писарам сари чанбарак будаасту бе иҷозати ман мошинро гирифтааст. Мусофирони таксӣ осеб надиданд, вале ҳамсарам ба назди онҳо рафта, ба ронандаи таксӣ пули калон дод. Хулоса, ин ҳам гузашт.

Ду бегона зери як сақф

Набераҳоямро аз ҷонам зиёдтар дўст медоштам, вале бо писарам гап намезадам, ба ў гуфтам, ки одам шавӣ хуб, нашавӣ умуман аз ту розӣ нестам. Як ҳафта ба минтақае ба сафари хидматӣ рафтам, ки он ҷо умуман телефон мавҷ надошт. Аз он ҷо омадам, келинам ғамгину писарам бошад, чун ҳарвақта дар хона набуд. Аз забони келинам фаҳмидам, ки ҳамсарам дар беморхонаи бемориҳои дил бистарӣ аст. Либосҳоямро накашида, ба аёдаташ рафтам, ҳолаташ хуб набуд, сактаи дил гирифтааст. Ҳарчанд ҳамсарам пинҳон мекард, вале ман эҳсос кардам, ки ин касофату беморӣ бе корнамоии писарам нашудааст. Келинам ба ман мисли духтарам меҳрубон буд, чун тагпурсӣ кардам, гуфт:

- Дадаҷон, илтимос ба модарам нагўед, Паймон се рўз бедарак шуданд, аз ҳамин рў, модарам бемор шуд. Ў як шом баромада рафту се рўз мо фақат кофтем, баъд гўё чизе нашуда бошад, омада мегўяд, ки чӣ ин қадар воҳима мекунед, ман ҳамроҳи ҷўраҳоям ба Варзоб рафта будам. Дар ин миён духтарам бо аҳли оилааш ба Русия барои кору зиндагӣ рафт. Домодам ятим буду дар тарбияи амак калон шуда, аз ин рў, маро мисли падараш ҳурмат мекард. Боре дар як тамоси телефонӣ дарди диламро ба ў гуфтаму аз писарам шикоят кардам, ў ба ман маслиҳати аҷибе дод.

Ҷазои эрка

Як моҳ пас аз маслиҳати домодам аз кор ариза навишта рафтаму ҳамроҳи ҳамсарам ба Русия назди духтараму домодам рафтем. Дар ҳавлии калон писарам бо зану фарзандонаш танҳо монд. Ба ҳамсарам гуфтам, ки духтурон маслиҳат доданд, ки ту бояд иқлими зиндагиятро дигар намоӣ, то ҳолат бад нашавад. Ў ҳам дилаш аз писари эркакардааш хафа буд, ки чизе нагуфт. Як моҳ бо оилаи духтарам зиндагӣ кардем, онҳо зану шавҳар духтуранду субҳи барвақт ба кор мерафтанд, ману ҳамсарам кору бори ҳавлияшонро медидем, набераҳоямро ба мактаб бурда меовардем. Рўзе бо як ҳамсояи духтарам, ки мисли ман рутбаи ҳарбӣ дошту зуд забон ёфтем, сўҳбат кардам ва ў дар заводи ҳасиббарории бародараш ба ман кор ёфт. Корам хеле осон буд, маҳсулоти омодашударо яксара ба қутиҳо чида, ба анбор бурда ҳисоб мекардам. Маошам шаст ҳазор рубли русӣ буд, бисёр мехостам хонаи ҷудогона гирифта, ҳамроҳи ҳамсарам равем, вале домоду духтарам, “шумо рўзи дароз дар кору модарам зиқ мешаванд” гўён, розӣ нашуданд. Ҳамсарамро бо ёрии ҷўраи навам Николай ба назди табибони беҳтарин бурдему саломатияш беҳ шуд. Занам набераҳоямро ёд карда буд, ман аз ў зиёдтар. Ягон чизи бомазза хўрам, ҷонам дард мекард, ки онҳо дар чӣ ҳоланд, аммо ба писарам ҳатто занг намезадам, ба келинам ҳам. Духтарам гоҳ-гоҳ барои келинам пул мефиристод, бо маслиҳат инро ҳам қатъ кардем ва баъди шаш моҳ хабари ба кор даромадани писарамро шунидем. Ў дар бонке коргари оддӣ шуда, ба кор даромадааст, оҳиста-оҳиста бо келин робитаҳоро барқарор кардем ва фаҳмидем, ки зиндагиро ба душворӣ бошад ҳам, пеш мебарад. Ба келин ҳам иҷозат додааст, ки дар хона фармоиш қабул карда, курта дўзад.

Натиҷаи дарс

Ду сол ба Ватан наомадем ва як рўз аз кор баргашта, писарамро сари дастархон ҳамроҳи аҳли байт дидам, ў аз ҷояш хесту маро ба оғўш гирифт. Баъд хам шуда, пойҳоямро бўсиду узр пурсид. Ман ҳам худро дошта натавониста, зор-зор мисли занон гиристам. Писарам омада буд, ки ману модарашро ба хона барад, аз кору бору пешравиҳояш нақл мекард, мошин гирифтанашро қисса кард.

Мо ба Ватан баргаштем, аз пулҳои дар ғарибӣ ғундоштаамон барои келин дӯкони дўзандагӣ ва барои худаму занам мағозаи хурди хӯрокворӣ кушодем. Ман ба кори пешинаам баргаштам, зиндагиямон хеле хуб шуд. Имрўз дар нафақа ҳастам, гоҳе назди духтару домодам мераваму меоям, писарам шукри Худо сари номус омаду имрўз фарзанди беҳтарину дар хизмати Ватану падару модар аст. Гумон мекунам дарси ман ба писарам сабақи зиндагӣ шуд, келинам ҳам ҷавонзани ботарбия буд ва ба ҳама шикасту рехт одат кард.

Дуо мекунам, ки ҳама фарзандон ба оқибат бошанду дар хизмати волидайн.

Саидакрами ВАЛӢ, вилояти Хатлон

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД