arzon replenishment
Азизаро боздошт намуданд, зани бадрашкро чӣ интизор аст?
5504

Азизаро боздошт намуданд, зани бадрашкро чӣ интизор аст?
Лату кӯби бераҳмонаи Мадина Мамадҷонова аз ҷониби ҳамсари марди дӯстдоштааш, ки ҳафтаи гузашта расонаӣ гашта буд, корбарони тамоми шабакаҳои иҷтимоиро ба по хезонд. Ёдрас мешавем, ки Мадинаро Азиза-ҳамсари марди дӯстдоштааш аз назди хонааш дуздида зӯран ба мошин бор карда, ба самти номаълум бурдааст ва баъди 13 соат ҷавонзанро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона расонидаанд. Мадина аз лату кӯби зиёд ба кома афтида, байни маргу зиндагӣ қарор дорад.
Пас аз муроҷиати фаъолони ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Т оҷикистон ва мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ парвандаро зери назорати худ гирифта, ба Прокурори Генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода супориш дод, ки қазияро дубора мавриди санҷиш қарор дода, ашхосе, ки Мадина Мамадҷоноваро ба ин ҳол расонидаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан бо шарофати Қонуни авф Азиза-ҳамсари марди дӯстдоштаи Мадина ва зане, ки ӯро дуздида дар лату кӯбаш муттаҳам дониста мешуд, аз ҷавобгарӣ дар амон монда буд, вале баъди он ки Рустами Эмомалӣ қазияро зери назорати шахсии худ гирифт, ях об шуда, масъала ранги дигар гирифт.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов (номи Париз тибқи шиносномааш Лутфулло Давлатов будааст) ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят аллакай боздошт шудаанд. Нисбати Азиза Давлатова бо қисми 3-и моддаи 32-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон(сӯиқасд ба куштор) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст, шавҳараш Лутфулло Давлатов бошад, бо қисми 2-и моддаи 117-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон (шиканҷа додани шахсе, ки дуздида шудааст ва ё ба сифати асир нигоҳ дошта мешавад) дар қазияи Мадина гумонбар дониста мешавад.
Дар сурати собит шудани гуноҳашон ба Азиза Давлатова 15 соли зиндон ва ба шавҳараш ЛутфуллоДавлатов 7 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД