Нозанин мӯйҳои дарозашро бурида, доманҳои кӯтоҳу танг ба бар мекард. Гапи шавҳараш барояш он қадар аҳамият надошт, Ориф медид, ки занаш аллакай аз вай дур шудааст ва бисёр вақтҳо ман хастаам гӯён, бистарашро алоҳида мепартояд.
Баъдҳо Нозанин, ки акнун аз деҳотӣ буданаш як тора мӯй боқӣ намонда буд, шляпаҳои аҷибе ба сар мемонду сарашро зард карда, худашро ба масхарабозҳои сирк монанд карда буд. Ӯ дар вазифаи равғание кор мекарду бо пулҳои бо роҳи «чап» кор кардааш барои худаш хонаи алоҳидае харид ва эълон дошт, ки дар ҳавлӣ бо келину набераҳо монда мешаваду ба хонаи дуҳуҷрагияш кӯч мебандад. Духтарашро ба шавҳар доданду Нозанин дигар қариб дар ҳавлӣ пайдо намешуд, Ориф пеш аз харидани хона бо ӯ сахт ҷанг карда, қаҳрӣ буд ва бо ӯ гап намезад.
Ориф профессори соҳаи тиб, марди обрӯманд, духтару писарашро низ аз хонадонҳои бонуфузе келину домод гирифта буданд, аммо касе намедонист, ки ин марди сарватманду ҳамеша хандон дар дил чӣ алам дорад. Аз дасти море, ки дар остинаш парварида буду ҳоло ба аждаҳо мубаддал шуда…
Як шаб аз як шабнишинӣ хеле дер соатҳои яки шаб хестанду Ориф Назар қарор дод, ки назди Нозанин меравад ё зиндагиро аз нав шурӯъ мекунанд ё ба таври расмӣ ҷудо мешаванд. Ҳарчанд келинаш ба хизматаш тайёр буду мисли падараш ҳурмату эҳтиромаш менамуд, аммо ба мард марҳами тан даркор аст ку. Нозанин низ ҷавон набуд, ба шаст қадам мемонд, умри Ориф бошад, сарҳади шасту дуро убур мекард. Ориф Назар гумон дошт, ки ин ташрифаш Нозанинро хурсанд мекунад, ҳатто як даста гул ҳам гирифт, аммо кош пойҳояш мешикастанду сӯйи он лонаи ҳаром роҳ пеш намегирифт…
Ниқоби фитода
Ориф Назар каме нӯшида буд ва ба ронандааш гуфт, ки зери бино мунтазири супориш бишин, агар гашта биёям, хона мебарӣ, агар шаб монам, зангат мезанам, рафтан гир.
Рӯзҳои аввали ба хонаи нав кӯчиданаш Нозанин як калиди хонаашро ба Анӯша дода буд ва Ориф онро гирифта, барои худаш калид сохт. Писараш умуман ба зиндагии падару модараш дахолат намекард, аммо Анӯша бисёр мехост то волидонаш ба ҳам оянд.
Ориф Назар аз зинаҳо боло шуда, пеши дари хонаи шинос расид, ин бори дуввум буд, ки мард ин ҷо меомад. Бори аввал вақте омада буд, ки Нозанин сахт бемор шуда буд ва Анӯша аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро ба хабаргирии модараш бубарад. Аз пушти дар бӯйи сабуки сигор ба димоғ мерасид, Ориф худ ба худ гуфт:
-Шароб нӯшиданашро медонистам, аммо сигорӣ шуда бошад?
Мард бо як сабки табииӣ дарро кушод ва вориди хона шуд, ҳавои хона вазнину олуда бо бӯйи сигору шаробу равғану мева буд, ӯ чароғи даҳлезро фурӯзон карда, ба ошхона гузашт. Марде дар нармкурсии кунҷи миз нишаста, сигор дуд медод, ӯ хеле ҷавон, тахминан ҳамсину соли писарашон буд, хун ба сари Ориф Назар заду пиёлаеро бардошта, сӯйи ӯ ҳаво дод. Ҳамин вақт аз ҳаммом Нозанин баромад ва ӯро дида, аз ҳайрат шах шуд.
Ориф Назар ба рӯйи аз зарби уколҳои ҷавонкунанда шахшуда ва чашмони берӯҳи ӯ туф карда, аз хона берун шуд ва баъди ҳамин дигар рӯйи ин палидро надид. Баъдҳо мешунид, ки ӯ бо мардҳои аз худаш ҷавон, ҳамсинну соли писараш муносибат дорад, вале худро ношунида меангошт. Ба хотири надидани рӯйи ҳароми ин кӯрнамак, ҳатто ба суд нарафт, онҳо расмӣ ҷудо шуданд, дар шоҳидии фарзандонаш талоқашро низ дод ва зани нав гирифт. Ҳамсараш аз Ориф понздаҳ сол хурд буд ва хеле оқилаву дурандеш, ӯ дили шикаставу пора-пора аз хиёнати ҳамсари дӯстдоштааш хунгаштаи мардро бо меҳру муҳаббату дӯстдорӣ малҳам шуд. Муносибаташ бо фарзандону набераҳои ӯ дар сатҳи олӣ буданд, Худованд ба онҳо як писарки зебо ҳам ҳадя намуд, Ориф дар заиндагӣ аз чизе камбудӣ надошт, аммо Нозанин…
Давом дорад.