Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» модари ҳаштоду сесола, сокини деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Узбекистон, Аъзамова Ширин мебошанд.
Суоли мо ба меҳмони азизамон чунин аст:
-Мегӯянд, роҳ ба дили мард аз меъдааш оғоз мегирад, яъне мардон занонеро дӯст медоранд, ки дар табохӣ ҳамто надоранд. Назари шумо ба ин гуфта чӣ гуна аст?
-Мо мардуми тоҷик аз азал ҳамин, ки духтардор шудем, аз синни кӯдакӣ ба онҳо сирри пухтупазро меомӯзем. Зеро зан-модар будан рисолат аст ва барои бар дш то охир бурдани ин рисолат бояд аз бисёр ҳунарҳо баҳравар бошӣ. Ман гумон мекунам, ки ҳусни духтар ин одоби ӯст ва зани боодобу боиффатро на танҳо шавҳараш, балки хушдоману хусур, хоҳаршӯву додаршӯ, хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсоя дӯст медоранду эҳтиром мекунанд. Акнун дар боби ҳунари пазандагӣ доштани зан…
Аҷдодони мо, хоса дар Самарқанду Бухоро дар арафаҳои идҳои миллӣ як сабқате ороста мекарданд, ки он ҷо духтарони ҷавон ҳунари худро ба намоиш мегузоштанд. Хӯроку шириниҳои пухтаи духтарон аз тарафи занҳои калонсол санҷидаву баҳогузорӣ мегардиданд ва духтарони пурҳунарро оилаҳои хуб келин мекарданд. Зан бояд қоидаҳои пухтупазро донад, модарони мо имрӯз бо маводи пур аз заҳрҳои кимиёии мағозаҳо иктифо карда, хӯрокҳои миллии худамонро гум карда истодаанд. Ман шаш фарзандро ба воя расонидааму имрӯз се келину се домод дорам, ману шавҳари раҳматиям ҳарду кори давлат мекардем, аммо ҳеҷ гоҳ фарзандонамон бе субҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва ғизои шом набуданд. Ҳамон вақтҳо низ хӯроки нимтайёру ошхонаву ҳама чиз буд, хӯрока арзонӣ, аммо худам бо дастони худам ба фарзандон хӯрок тайёр мекардам.
Саволи додаи шумо ҳам ҳақиқат дорад, дар урфият мегӯянд, ки «Зан ҳарчӣ паз шавад, мард ҳар чӣ хӯр мешавад». Агар модари хонадон хӯрокҳои болаззат пазад, мард ҳам бегоҳ ҳушаш ба ошхонаю тарабхона нашуда, ба хона бармегардад. Хӯроки дилхоҳашро ба оилааш фармуда, гирди як дастурхон бо фарзандони ширинаш нишаста, сӯҳбату дилхушӣ мекунад. Ана ҳамин чизҳо муҳаббатро зиёд мегардонад, боқӣ ба ҳамаи шумо хушбахтиҳоро орзу дорам.