Фалокати зери по
Модарам дар мактаб муаллима буданду як рӯз ҳангоми овехтани кадом як плакат аз зинапоя афтида, маҷрӯҳ шуданд, ин зарба модарамро маъюб сохт ва он кас дигар кор карда натавонистанд. Аз миён поёни модарам умуман кор намекард, дилам ба ҳоли очаҷони ноосудаам хун мегирист, на табиб монду на шикастабанд, то куҷоҳое, ки нарафтем, аммо бӯйи шифо набуд. Ана ҳамин вақт, ҳамсарам худашро нишон дод ва ниқобаш афтид, ӯ ба модарам беҳурматӣ зоҳир мекард. Оҳиста-оҳиста ман «инвалидпой» не, гӯён ҷангу ҷанҷол мебардошт. Борҳо ба ӯ гуфтам, ки модарам умрашро сарфи ман кардааст ва ман то охири умр хизматашро кунам кам аст, аз бузургии модар сухан мегуфтам, аммо ин ҳама аз як гӯшаш даромада, аз гӯши дигараш мебаромаданд. Як гапҳое мегуфт, ки...
-Хайр, шавҳар мекарданд, ин қадар худашонро қурбонии мактабу маориф карданд! Канӣ, дар назди мактаб ҳайкалашона монданд?! Қадрашон буду шуд дусад сомонӣ!- Модарам ҳам арбадаҳои келини як вақтҳо таърифияшро мешунид, аммо худро ба карӣ мезад. Борҳо занамро зери мушту лагат гирифтам, аммо нашуд. Охирин нуқтаи дилсардии мо рӯзе буд, ки…
Хории модар
Як бегоҳи сарди зимистон хеле дер аз кор омадаму шоҳиди воқеае шудам, ки диламро хун кард. Модарам сар то по дар орд олуда тани дардмандашро кашола карда, дар тафдон нон мепухт, дастонаш ҷо-ҷо сӯхта, сару рӯяш пури орд.
-Очаҷон, келинатон канӣ,- пурсидам аз ӯ. Хонаи модараш рафт, модарам худро бепарво вонамуд мекард, аммо ман гиряи бесадои ӯро эҳсос мекардам,- Хамир карда рафта буд, шояд аз ёдаш баромада бошад, хамир турш шуда ҳайф нашавад гуфта, худам онро рост карда пухтам. Худо гирад, кори Шаҳодатро (духтарчаи ҳамсоя) имрӯз як бор ҳам аз дар надаромад, вагарна ёриям медод.
Модарам гӯё бо ман не, худ ба худ гап мезад. Метарсид, ки нигоҳамон ба ҳам наояд. Ман дасту рӯйи модарамро аз орд тоза кардаму нонҳои боқимондаро пухтам, ҳамроҳи модарам шакароб тайёр карда хӯрдем. Соат аз даҳ гузашту баъд ҳамсарам омад, нахостам табъи модарамро хира кунам. Лекин дар хона ӯро то сиёҳу кабуд шуданаш зада, аз дарвоза бароварда пеш кардам. Шаш моҳ бо модарам танҳо зиндагӣ кардем, бо ёрии духтарчаи ҳамсоя ӯро мешустам, бисёр вақт духтарони таѓоям ёрӣ медоданд. Занамро хусурам чанд бор овард, вале роҳаш надодам. Баъди шаш моҳи ин ҳодиса модарам вафот кард, 58 сол дошт очаҳаки наосудаам. Занам омад, маъракаҳоро гузаронд, аммо ман аз ӯ расман ҷудо шудам, зеро ба ӯ нафрат доштам.
Зани рус
Баъди марги модарам дунё дар назарам тираву тор метофт, хонаву дарро ба таѓоям гузошта, ба Русия рафтам. Дар як беморхона ба ҳайси муҳофиз ба кор даромадаму ба як табибзани аз худам ду сол калон шинос шуда, хонадор шудем. Зина хеле меҳрубону самимӣ, тозаву озода ва дилрабо буд, соҳиби писари нозанине ҳам шудем. Аммо…
Худованд ӯро аз ман гирифт, дар ҳавлии калону бошукӯҳ ҳамроҳи писарам Шерзод танҳо мондем. Ин ѓам ҳам гузашт, ҳоло ҳар сол ба Ватан меоям, хонаву дарамро низ аз нав сохта, ба тарзи замонавӣ бино намудам. Таѓоям пир шудаасту мехоҳад ман зини тоҷик гирифта, зиндагиямро аз нав оѓоз кунам, писарам низ маслиҳатам медиҳад, ки зани тоҷик гирам. Аммо дили ман аз занони тоҷик мондааст, албатта хато мекунам, панҷ панҷа баробар нест, аммо чӣ кунам, ки як нафар боварии маро шикаста, чунинам кард. Ё занони дӯстдоштаам, модараму Зинаамро аз даст дода, тарсон шудаам. Метарсам, ки боз зан мегираму ба ӯ меҳр мекунаму ӯро аз даст медиҳам? Аммо ҳеҷ зани тоҷикро дар барам тасаввур карда наметавонам.
Амон,аз Федератсияи Русия