Sebiston new 2024 october
Аз занони тоҷик дилам мондааст… Қисми 1
08.01.2023
Дилошуб
1847

 

Ман бист сол боз дар Русия зиндагӣ мекунам, шаҳрванди ин кишвари бузург низ ҳастам. Он ҷо хонаву дар, зиндагии осоишта дорам. Зани рус доштам, писарам ба нуздаҳ қадам мемонаду донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Маскав аст.

Занам ду сол пеш аз бемории омоси бадфиоли майнаи сар оламро падруд гуфт. Нав ба чилу нӯҳ қадам мемонам, писарам мегӯяд, ки хонадор шав, ҳар гоҳе ба Ватан биёям, таѓоям, ягона ҷону ҷигарам низ маро ба хонадоршавӣ ба зани тоҷик талқин мекунад, аммо ман намехоҳам. Ин ҳама сабаб дорад….

                  Модаре дар мақоми падар

Дар оилаамон писари ягона будам, падарам оламро барвақт падруд гуфта буду модари муштипарам маро танҳо ба воя расонида, соҳиби маълумоти олӣ кард. Модарам муаллима буданду зани хеле зебо ва табиист, ки хостгорони зиёде доштанд, аммо хотири ман баландӣ кардаасту дигар хонадор намешавад. Баъди ба камол расидан, модарамро мегуфтам, ки барои чӣ хонадор нашудӣ? Охир вақти вафоти падарам ҳамагӣ бисту ду сол доштӣ, ақаллан барои ман хоҳарак ё додараке ба дунё меовардӣ? Модарам бо лабханди зебо ҳамеша таъкид мекарданд, ки намехост маро, нишонаи ягонаи марди дӯстдоштаашро пеш-пеши пойи марди бегонае кунад.

Баъзан қаҳрам меомаду мегуфтаам, ки “шумо фолбин ку набудед, аз куҷо медонистед, ки ман пеш- пеши по мешудам-а?” Модарам абрӯвони зебояшро ба ҳам кашида, бо овози баланд мегуфт, “хайр, ҳозир кулчаву кӯмоч мепазам, хостгорӣ баро, дар кунҷи деҳа мӯйсафеди Алимуҳаммад солҳо безан зиндагӣ мекунад, ана ҳамуна мегирам!” Аз ин суханҳои таҳдори модарам хун ба сарам мезаду чанд дашноми дастобиринҷӣ ба суроѓаи мӯйсафеди кӯзапушти гӯшчапар мефиристодам ва модарам завқ карда механдид, чӣ қадар зебо буданд хандаҳои модарам. Раддаи дандонҳои марворидсон сафедаш равшании аҷибе меафканданд ба ѓунчаи лабҳои гулобияш. Модарамро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам, ӯ умри хешро қурбони ман намуда буд, дар дил азм мекардам, ки хоки пояшро тӯтиё мекунам.

                       Писари ягона

Модарам аз дори дунё як бародар дошт, ки дар тамоми пасту баландии зиндагияш дастгиру мададгораш буд. Бибию бобои модариям барвақт аз олам гузашта буданд, хешони падариям бошанд, баъди марги фоҷиавии падарам ба ноҳияи дигар кӯч мебанданд. Амаку аммаҳоям маро хабаргирӣ меомаданду ба хонаҳояшон ҳам мебурданд, аммо қаринтарин хеш бароям таѓоям буд. Донишгоҳро хатм кардаму дар идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияамон ба кор шурӯъ кардам. Писари ягона, соҳиби ҳавливу ҳарами зебо ва модари меҳрубон, ки будам, харидорони зиёде доштам. Ростӣ, духтарбоз набудам ва ихтиёри интихоби келинро ба модарам вогузор кардам. Ӯ як духтари ҳамдеҳаамонро бароям хостгорӣ кард, Ҳомия духтари сафедандоми қоматбаланди зебо буд. Аз ӯҳдаи кору бори хона ба осонӣ мебаромад, модарам ӯро мисли духтараш дӯст медошту эрка мекард. Ман ҳам аз муносибати хуби модараму занам хурсанд мешудам, дар дил Худоро шукр мекардам, ки бароям чунин зани оқилаву порсоро насиб дидааст. Аммо беҳуда намегӯянд, ки инсонро дар вақти сахтӣ мешиносӣ.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД