formula55
АЗ ЗАНҲОИ ҒОРАТГАРДИ ШАБГАРД ЭҲТИЁТ КУНЕД!
4170

Айёме расидааст, ки занҳо дигар шарм, ҳаё, тарс ва имону номусашонро зери по намуда, мисли авбошон роҳзан, бераҳм ва киссабур шудаанд.Ин тоифа занон чашмонашон хун гирифта, барои пули муфт ба даст овардан тайёранд, ки қасди ҷони нафареро бикунанд.

Мақсад аз ин гуфтаҳо ҳодисаи чанд рӯз пеш рухдода аст, ки ШВКД-и шаҳри Бохтар хабар додааст. Ба қавли ВУД, саннаи 24 январ зани 32-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки ба ҳайси пешхизмати тарабхонаи «Бандари куҳан» кор меккардааст аз болои ду зани роҳзан ба милитсия шикоят бурдааст.

Бинобар гуфтаи ин зани ҷабрдида, рӯзи 24-уми январи соли 2021, тахминан соати 21:10-дақиқа, зани 52-сола ва духтараш зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба назди тарабхонаи мазкур омада, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, гӯшвору гардабанди тиллоиашро маҷбурӣ канда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 11 ҳазору 400-сомонӣ зарар расонидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД