formula feb 2025
Аз зани бад Худоё паноҳ! (ҚИСМИ 1)
16.02.2025
ДИЛОШӮБ
1804

Ашки сари мижгон

Як субҳ, соатҳои тақрибан даҳ занги дар садо дод. Онро кушода, пушти дар кампираки нуронии хушлибосеро дидам.

- Салом духтарам, ман суроғаатро аз як шинос гирифтам...

- Марҳамат, хона дароед гуфта,- гапи кампирро буридам.

Аз суҳбат фаҳмидам, ки ўро дарди зиндагии нобасомонаш назди ман овардаасту мехоҳад дар ин хусус маводе таҳия намоям. Ў баъд аз чанд лаҳзаи суҳбат бо овози пасту маҳзун гуфт:

- Ман ашки сари мижгонам, кӣ медонад имрўз ин даҳри дударро тарк мекунам ё фардо, барои ҳамин мехоҳам аз қиссаи зиндагиям мардум огаҳ гарданд, дарси одоб бошад ба арўсакони ҷавон.

Чун аз дарди дили ин бонуи солори муштипар огаҳ гаштам, онро на ба сифати як сарнавишти талхи модари тоҷик, балки чун як мушкили оилавӣ рўи коғаз овардам. Зеро дар чашми ман чун як модар, он аз мушкил болотар, фоҷаи зиндагии як зан буд…

Эй ҷигаргўша фарзанди ман…

Холаи Хадича (номи шартӣ) солҳои тӯлонӣ омўзгор будаасту ҳамроҳи шавҳари ронандааш ду фарзандро тарбият намуда, хононда ба камол расонидааст. Духтараш духтур, писараш бошад, тоҷир аст. Шавҳараш даҳ сол пеш бар асари бемории саратон оламро падруд гуфтааст.

- Оилаи тинҷу осуда ва фарҳангӣ доштем, духтару писарам аз гуфтаи ман як қадам берун намемонданд, тамоми мушкили ҳаёташонро бо маслиҳати ман ҳал мекарданд, вале… Духтарамро ҳангоми ҳаёт будани падараш ба шавҳар дода будем, писарамро бошад, бо ризояти худаш бо як хешдухтари деҳотиямон хонадор намудем. Духтарам бисёр мехост, ки додараш ҳамсари маълумотдор дошта бошад, вале дилкашолии маро ба хешдухтарамон дида, писарам хилофи хоҳиши апааш баромада, гуфт, ки бигузор хости дили модарам шавад, духтарони русто табиатан орому дар зиндагии оилавӣ устуворанд, вазифаи асосии ҳамсари ман хизмати модарам бояд бошад,- нақл кард холаи Хадича.

Гапи хонаю моҷарои бозор

Хешони деҳотӣ хостгории хешони шаҳрияшонро ба ҷон пазируфта, ҳамон шаб сафедӣ мегиранд. Холаи Хадича хурсанд буд, ки оқибат хешдухтари соҳибҷамолу болобаландаш арўси хонадонаш мешавад, зеро ҳар гоҳи ба хабаргирии пайвандонаш рафтан, духтарак ба ў хеле меҳрубонӣ зоҳир мекард.

Тамоми маъракаҳои пеш аз тўйро гузаронида, бар беҳтарин тарабхона ҷашни арўсӣ баргузор карда, арӯси нозанинро ба сад орзую ҳавас ба хона оварданд, аммо афсӯс, дар бисёр мавридҳо гапи кўча ба бозор рост намеояд.

Келин аввалҳо хеле меҳрубон буд, вале бо гузашти солҳо ниқобро аз рўи худ гирифт. Писари холаи Хадича акнун тоҷири муваффақ буду умраш дар сафарҳо мегузашт, ана дар ҳамин рўзҳои набудани писараш, ҷони кампир медонисту ҷабри келин. Ў аз хобаш дер хеста, кўдаконашро, ки ду нафар буданд, аҳмият намедод. Холаи Хадича ба ин кораш эрод гирад, қиёматро қоим мекард, аммо бо омадани шавҳар инсони дигар мешуд, яъне ҳамон ниқобро боз ба рўй мекашид.

Хола ҳеҷ гоҳ аз рўйи келин ба писараш шикоят намекард, зеро намехост ўро хафа кунад. Ин хубии модар келини беимонро зиёдтар аз чорчўбаи ахлоқи одамӣ дур мекард.

ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД