Бо ҳамсарам ду сол зиндагӣ карда, ҳеҷ забони ҳамдигарро наёфтем. Билохира занам қаҳр карда ба хонаи модараш рафт. Як писарча дорем. Фарзандам имрӯз ҳамроҳи модараш дар хонаи бобояш аст.
Дилам барои Фаррухҷонам гум зада, барои дидани фарзандам ба хонаашон мерафтам, вале аҳли оилаи хусурам кӯдакро пинҳон карда, ба ман нишон намедоданд. Хотири фарзандам аз занам илтиҷо намудам, ки ба хона баргардад, зиндагиамонро идома медиҳем, вале мағрурона “ман аллакай барои ҷудо шудан ба суд ариза навиштам” гуфта, дарро ба рӯям пӯшид.
Одамони калонро восита намудам, то ба хусуру хушдоманам фаҳмонанд, ки зиндагӣ бозича нест, духтарашонро насиҳат кунанд, аммо гап ба онҳо асар накард. “Духтарамон чӣ хулосае, ки барорад, мо ҳамонро қабул мекунем”,- гӯён, худро бетараф гирифтанд волидонаш.
Пас аз кашмакашиҳои зиёд суд ману Лайлоро расман ҷудо кард. Мехоҳам барқасди зани кӯрнамакам бо ягон духтари зебое издивоҷ намоям, ки аз хати кашидаам берун набарояд ва аҳли оилаамонро ҳурмату эҳтиром намояд. Ногуфта намонад, ки ман нав 30-сола ҳастам...
ДАЛЕР, ш. Душанбе