Sebiston new 2024 october
Аз таъсиси "Ворисони Турсунзода" то шаби эҷодӣ дар Москав
736

Дар Хонаи миллатҳои шаҳри Москва бахшида ба 35-солагии фаъолияти эҷодии шоири точик Абдукаҳҳори Қосим шаби эҷодии шоир баргузор гардид. Дар ин бора худи шоир хабар дод.

Дар чорабинӣ намояндагони Маркази фарҳангии тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии муқими Русия, ҳунармандони хизматнишондодаи Федератсияи Русия, лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ ва умумироссиягӣ, инчунин меҳмонони даъватшуда ширкат доштанд.

Шаби эҷодиро директори Муассисаи давлатии «Хонаи миллатҳои Москав» Сергей Ануфриенко кушода, Абдукаҳҳор Қосимовро бо 35-солагии фаъолияти эҷодиаш табрик намуд.

Сипас, раиси Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангии точикон» доктор Хуршеда Ҳамроқулова, суханронӣ карда, гуфт, осори шоир дар тамоми ҷаҳон маълуму маҳбуб аст.

Баъдан ба тамошобинон филме намоиш дода шуд, ки он фарогири табрикоти видеоии аз ҷониби дӯстон ва ҳаводорони сарояндаи тоҷик аз кишварҳои гуногун сабтшуда мебошад.

Ба ин чорабинӣ аҳли оила, дӯстон ва ҳамкорони Абдуқаҳҳор Қосимов даъват шуда буданд, ки дар давоми шаб аз хотираҳову қиссаҳои гуворои худ нақл карданд.

Абдуқаҳҳори Қосим бо адибону олимони зиёда аз 60 давлати дунё робитаи дўстиро барқарор намуда, шеъри муосири тоҷик ва забони ноби тоҷикиро рўи дунё ҳамчун вориси воқеиии устод Мирзо Турсунзода муаррифӣ намуда истодааст.

Ӯ ҳамраиси Шўрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, узви конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Академияи адабиёти Россия ва ҳамоҳангсози раёсати байналхалқии нависандагон, драматургон ва журналистон оид ба кор бо муаллифон мебошад.

Шоир, драматург, тарҷумон ва журналист Абдуқаҳҳори Қосим 27 январи соли 1965 дар деҳаи чоруми совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Вахш, дар оилаи устои оҳангар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна шомили Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев гардида, онро соли 1986 хатм кард.

Абдуқаҳҳори Қосим алҳол сокини шаҳри Турсунзода буда, дар вазифаҳои мудири китобхона, директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода ва мудири бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин шаҳр фаъолият намудааст.

Китобҳои ӯ бо номи «Алифбои шавқовар», «Дар дил баҳор дорам», «Бешаи анбӯҳи андеша», «Садои дил», «Ворисон», «Панд ё кулчақанд», «Ваҳдатофар», «Сарзамини сабзи хотир», нашр шуда, пешкаши хонандагон гаштааст. Ҳамзамон, шеърҳои бо забони русӣ навиштаи ӯ дар маҷмуаҳои: «Финалистони мукофоти ба номи Ф.Тютчев», «Лауреатҳои мукофоти ба номи В. Набоков», дипломантҳои фестивали байналмилалии «Ялос», «Российский колокол», «Русь моя», «Автограф» ва дар маҷмуаи лауреатҳои озмуни бахшида ба нависандаи испанӣ М. де Сервантес «От Сервантеса до наших дней»-бо забони русиву испанӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия рӯи чоп омадаанд.

Ӯ беш аз 80 суруд дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ эъҷод кардааст. Аз ҷумла, сурудҳои «Арӯси Қаратоғӣ», «Арӯс гуселон», «Ёр ба боғ меравем» дар жанри фолклор, «Кушт маро бӯи ту», «Фалак, ту розам бишунав», «Наврӯз», «Ваҳдат муборак!», «Куртачакан» ва ғайраро дар жанри фалак навиштааст.

Инчунин, ба навиштани шеъру суруд барои чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳри Турсунзода камар баста, то имрӯз беш аз 100 суруди маросимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод кардааст.

Чакидаҳои хомааш дар зиёда аз 10 китобҳои дастаҷамъӣ дар Федератсияи Русия, Олмон, Озарбойҷон ва Сербия бо забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ, сербӣ ва испанӣ рӯи чоп омадаанд. Бештари ашъори ӯ дар мавзӯи ватандӯстӣ буда, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ҷумҳурӣ, инчунин пешвозгирии меҳмонони олиқадр истифода мешаванд.

Соли 2011 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ садсолагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзодаро ҷашн мегирифтанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор баромада, бо адибони ҷумҳурӣ ва пайвандони устод Мирзо Турсунзода вохӯрӣ карда, ба онҳо муроҷиат намуданд, ки “Чаро касе аз шумо роҳи устод Мирзо Турсунзодаро идома намедиҳед?”.

Қаҳрамони мо баъди ин, дар назди худ мақсад гузошт, ки тамоми ҳастиашро ба ин роҳ равона созад, то вориси ҳақиқии устод бошад. Аввалин кори ӯ, таъсиси маҳфили адабии “Ворисони Турсунзода” буд, ки дар атрофи он намояндаҳои мардуми тоҷикзабон ва ӯзбекзабон ҷамъ омадаанд.

Имрӯз маҳфил фаъолияти хеле хуб дошта, дар ҳама чорабиниҳои шаҳри Турсунзода ҳамеша аъзои он ширкат меварзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД