Formula novemver 2024
Аз шавҳари занбозам ҷудо шавам?
20.08.2022
Дилошӯб
1599


Мандусолқабл дар синни 18 –солагӣ ба шавҳар баромадам. Шавҳарамро қабл аз тӯй намешинохтам, сабаби издивоҷи мо хешу ақрабо гаштанд. Ҳоло шавҳарам ба синни 27 қадам мегузорад, мо соҳиби як писарча ҳастем.

Ман донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ ҳастам, вале намедонам, ки минбаъд таҳсиламро давом медиҳам ё не. Шавҳарам марди доро асту соҳиби мошинҳои қиматбаҳо, ҳамеша хӯрокашро дар тарабхонаҳо тановул карда, сару либоси қиматтаринро харида, бо кару фар мегардад. Вай сигор намекашад, арақ наменӯшад, вале занбози ашаддӣ аст. Шабҳо ба хонаи соати 2-3 меояду бо ман умуман гап назада, либосашро иваз мекунаду баромада меравад. Чандин бор дар саҳифаҳои иҷтимоияш мукотибаҳояшро бо занону духтарони хеле зебову ба мисли худаш айёш дида, қариб девона шудам, вале чизе гуфтаву коре карда наметавонам. Шавҳарам на маро писанд мекунаду на наздиконамро, бо модарам бошад, умуман гап намезанад. Аслан модарам ба зиндагии мо дахолат намекунад, вале боре бе сабаб дашноми қабеҳ додани шавҳарамро шунида, маро пуштибонӣ карду дар бало монд. Маро безебу баднамуд меномад, ҳол он ки барои аз хона баромадан ё ба кошонаи ҳусн рафтанам иҷозат намедиҳад. Бароям либос ҳам намехарад. Хушдоманам ҳам писарашро ҷонибдорӣ карда мегӯяд, ки дар вақташ маро интихоб карда, сахт фиреб хӯрдаанд. Чандин бор ба хонаи волидонам рафта, аз шавҳарам ҷудо шудан хостам, вале боз занг зада, ба хона баргаштанамро тақозо намуд. Ростӣ, бо як фарзанд дарди сари волидон низ шудан намехоҳам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД