goodwell
Аз шавҳари бепарво дилгир шудам
25.04.2026
Oila.tj
71

Салом хонандагони азизу дардошно! Ман - Суман, як зани оддии тоҷик, қалам ба даст гирифтам, то қиссаи зиндагии хомӯшамро бо шумо дар миён гузорам.

Ростӣ, шикваи ман на аз камбуди нон асту на аз гапҳои хушдоман. Худоро шукр, ҳама чиз дорем, кӯдакон гурусна нестанд, сарпаноҳ дорем. Аммо як дарде ҳаст, ки ҳар рӯз маро аз дарун мехӯрад, ин ҳам бепарвоии шавҳарам аст. Бепарвоие, ки оҳиста-оҳиста муҳаббатро дар дилам мекушад, умедро хомӯш мекунад ва маро аз зиндагӣ дилсард месозад.

Ман мисли ҳар духтари дигар бо орзуҳои ширин ба хонаи шавҳар омада будам. Фикр мекардам, ки зиндагии оилавӣ маънои дастгирӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва ҳамсафари ҳақиқӣ доштан аст. Орзу доштам, ки шавҳарам на танҳо ноновар, балки дӯсту такягоҳи ман бошад. Аммо солҳо гузаштанду ман фаҳмидам, ки дар зиндагии ман як чиз сахт намерасад – таваҷҷуҳ!

Шавҳарам марди бад нест. Наменӯшад, ба хона дер намеояд, ҷанҷоли калон ҳам намекунад. Вале ҳамин “бад набудан” барои зиндагии хушбахт кофӣ нест. Ӯ гӯё дар дунёи худ зиндагӣ мекунад, дунёе, ки дар он ману эҳсосоти ман ҷой надорем.

Ман баъзан ба дугонаам Раъно ҳасад мебарам. На аз рӯи бадӣ, балки аз рӯи орзу. Шавҳари ӯ марди ғамхор аст. Вақте ки мо аз ягон маърака ё кор дер мебароем, ӯ ҳатман меояд, занашро пешвоз мегирад, дари мошинро мекушояд, бо эҳтиром ба хона мебарад. Ман ҳар бор ин манзараро мебинаму дилам месӯзад. Бо худ мегӯям: магар ин қадар ғамхорӣ кардан душвор аст?

Шавҳари ман бошад, ҳатто намепурсад, ки ман кай меоям, дар куҷоям, роҳам чӣ гуна аст. Гӯё ман худ ба худ зиндагӣ мекунам. Як бор не, чандин бор бо нармӣ пурсидам: “Чаро ту ба ман каме ҳам таваҷҷуҳ намекунӣ? Чаро мисли дигарон нестӣ?”. Медонед, чӣ ҷавоб дод? Гуфт: “Кӯча пури одам аст, ман шарм медорам, ки туро пешвоз гирам. Мард бояд худро хандахариш накунад”.

Ин суханаш мисли корд ба дилам зад. Магар ғамхорӣ кардан шарм аст? Магар занро эҳтиром кардан хандахариш шудан аст?

Ман кӯшиш кардам, ки фаҳмонам: роҳе, ки ман меоям, торик аст, сагони дайду зиёданд, тарс дорам. Вале ӯ гӯё намешунавад. Барои ӯ ин мушкил нест, чунки ӯ онро эҳсос намекунад.

Баъзан ҳатто мегӯяд: “Дар хона биншин, ин қадар дугонабозӣ накун”. Яъне, ба ҷои он ки маро дастгирӣ кунад, мехоҳад маро маҳдуд созад. Ман фикр мекунам, ки оҳиста-оҳиста аз зиндагӣ дур мешавам. Дигар шавқу завқи пештара нест. На ба кӯча баромадан мехоҳам, на бо касе суҳбат кардан.

Аз ҳама бадтараш он аст, ки ӯ дар масъалаҳои хона ва тарбияи фарзандон низ бепарвост. Ҳама чиз ба дӯши ман аст — аз пухтупаз то дарсҳои кӯдакон. Гӯё ман ҳам модарам, ҳам падар.

Баъзан шабҳо бедор мешаваму фикр мекунам: оё ман ҳақ дорам, ки чунин зиндагиро идома диҳам? Оё ҷудоӣ роҳи ҳал аст? Ё бояд сабр кунам?

Аз шумо, аз хонандагони азиз, маслиҳат мепурсам: бо чунин марди бепарво чӣ гуна зиндагӣ кардан мумкин аст? Оё инсон метавонад танҳо бо сабр муҳаббатро зинда нигоҳ дорад?

Бо эҳтиром, СУМАН, сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД