Фазолат ном дорам. 35 солаам. Маро зӯран ба як хеши дури бобоям ба шавҳардоданд. Хонаи онҳо дар Тавилдара, хонаи мо дар Душанбе аст. Аз зиндагиам шикоят надорам, вале як чизмаро ба гирдоби ғам гирифтор месозад-дер-дер ба аёдати падару модаром аданам. Соле як маротиба бо сад зориву тавалло маро ба хонаи падарам меоранд. Падару модарамро ёд кардам гӯям, шавҳарам маро мурданивор мезанад. «Роҳкиро нест, пули зиёдатӣ надорем, ки туро ба Душанбе равон кунем» гӯён, хусуру хушдоманам маро ҷигархун месозанд. Дилам аз дури волидону пайвандонам косаи зардоб гашта, намедонам чӣ кор кунам. Падару модарам танҳо ду маротиба маро хабаргирӣ омаданду халос. Ёди хоҳарону бародаронам маро ҷигархун месозад. Сарамро ба куҷо занаму дардамро ба кӣгӯям? Дар чорроҳаи қисмат сарсону саргардонам. Дилам мехоҳад тарки хонаи шавҳар намоям, вале бахт ширинӣмекунад.
Илтимос, ба манн маслиҳат диҳед. Аз шавҳарам ҷудошавам ё мушкилоти роҳи дурро бо ягон рохи дигар хал карда мешавад?