Ассалому алайкум. Ман як духтари ҳаждаҳсола ҳастам, вале дар ин умри кӯтоҳ тамоми мушкилоти зиндагӣ ба сарам омад.
Мо дар оила ду фарзанд ҳастем - ман ва додарам. Духтари ягонаи хонадон ҳастам, хоҳару апа надорам, вале падару модарам бо ман хеле бадрафторӣ мекунанд. “Духтар пояи тобути моро намебардорад” гӯён, ҳамеша таъна мезаданд. Дар хона барои мо тамоми шароитҳои зиндагиро фароҳам оварда бошанд ҳам, дилам моломоли ғаму дард буд, зеро падару модар ба ман меҳр надоштанд.
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳангоми дар синфи 6 хонданам як писари хешамон, ки дар хонаи мо зиндагӣ мекард, зӯран ба номуси ман дастдарозӣ кард. Доғдор гаштани номусам маро бе корд кушта бошад ҳам, аз шарму ҳаё ин розро ба касе нагуфтаам. Мани сарсахт дар хонаи худамон худро танҳои танҳо эҳсос мекардам.
Пас аз чанд сол бо як ҷавони аз худам 9 сол калон шинос шудам. Азбаски аз касе меҳрубонӣ надида будам, суханҳои меҳрубононаи он ҷавон ба зудӣ ба дилам нишастанд ва хеле вобастааш шудам. Дигар бе он ҷавон зиндагиамро тасаввур намекардам. Дӯстдоштаам дар муҳоҷират буд, вале дурӣ монеи суҳбатҳои ширини мо намегашт. Тариқи телефон ҳар рӯз бо ҳам рози дил мегуфтем. Ӯро фиреб додан нахоста, ҳодисаи нохуши аз сарам гузаштаро нақл кардам. Вай маро бахшид ва духтари доманбохта буданамро дидаву дониста ба хонаамон хостгор фиристод, аммо падару модарам қабул накарданд.
Ҳамин тавр, ҷавони дӯстдоштаам оила барпо кард ва аз пайи зиндагии худаш шуд. Ба ман бошад, ҳамон шахсе, ки ба номусам дастдарозӣ карда буд, хостгор фиристод. Ман аслан он авбошро қабул надорам, чунки бачаи духтарбоз ва майхора аст, аммо бо дигар кас ҳам оила барпо карда наметавонам. Охир, ҳеҷ кас бовар намекунад, ки маҷбурӣ ба номусам дастдарозӣ шудааст.
Ҳар рӯз хонаамон пури хостгор аст, вале аз шавҳар кардан метарсам. Падарамро шарманда кунам, маро мекушад.
Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?
Л. Т.