Arzon march 2024
Аз шаурмафурушӣ соҳиби хона шудем
1885

Падарам муфлис гашта, маҷбур шуд, ки хонаву дар ва боғу роғамонро ба фурӯш монда, қарзҳояшро баргардонд. Бехонаю дар ба дар шудем.

Як рӯз дар хонаи амакҳоям хоб мекардему рӯзи дигар дар хонаи тағоҳоям. Модарам аз таънаи хешонаш ба танг омада, бо падарам ҷанҷол бардошт ва падарам сари қаҳр либосҳояшро гирифту баромада рафт. Модарам пушаймон шуда бошад ҳам, падарамро аз роҳаш баргардонида натавонист. Хоҳаронам ҳамроҳи модарам монданду ману додарам дасти падарамонро маҳкам доштем.

Хулоса, ҳамроҳи падарам ба шаҳри Москва омадем. Ба чандин корхонаҳо коркобӣ рафта бошад ҳам, падарамро дар ягон ҷо ба кор қабул накарданд. Бо маслиҳати як зани ошнояш падарам аз ночорӣ нуқтаи «шаурма»-фурӯшӣ кушод. Шаурмаҳои бомаззаи мо ба зудӣ талабгори зиёд пайдо намуд.

Дар як сол пули зиёд ҷамъ карда ба модарам фиристодем, то аз маркази шаҳр хонаи ба табъи дилашро хараду дигар бо падарамон ҷанҷол накунад. Шаурмафурӯшӣ оилаи моро аз парокандагӣ наҷот дод. Падарам сад шукр гуфта, таъкид мекунад: «Бо нангу ба номус шавед, фарзандонам. Сарнавишти падаратон бояд ба шумо дарси ибрат гардад. Ҳамон рӯз, агар ман сари номус омада, озими Русия намегаштам, шояд то ҳол дар ба дару таънашунав мемондем ё аз модарат ҷудо мешудаму шумоёнро зиндаятим менамудам!»

Мақсади саргузаштамонро нақл карданам худнамоб нест. Меҳохам дигар мардони тоҷик аз падари ман ибрат бигиранд ва бекориро баҳона карда нашинанду сари нангу номус омада, барои таъмин намудани зану фарзандонашон кӯшиш намоянд. Мард кӯҳро зада талқон мекунад, агар сари нангу номус биёяд!

Фаррух, аз кӯчаи Горкийи ш. Масква

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД