Салом! Ман як муҳоҷири ба наздикӣ ба Ватан баргашта, мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.
Маълумоти олӣ дорам, вале мисли аксари мардони тоҷик чандин сол боз ризқу рӯзии аҳли оилаамро аз Русия меёфтам. Ростӣ, пештар дар як идораи давлатӣ кор мекардам, аммо маошаш хеле кам буд. Занам аз рӯйи бепулӣ мудом маро таънаю маломат карда, мардони ҳамсояро мисол меовард ва ба тақдири бадаш сад бор лаънат мехонд, ки чунин шавҳари беҳунар насибаш гаштааст. Вақ-вақи занак ба дилам зад ва оқибат корро бас кардаму рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардам.
Маълумоти олӣ дошта бошам ҳам, аз ночорӣ дар Русия дар як сохтмон ба кор даромадам. Қатори дигарон аз субҳ то шом дар чангу хок ҷӯлида, қуму семант мешӯридам. Кори сохтмон вазнин бошад ҳам, пули хуб медоданд. Ҳар моҳ ба занам пул равон карда, “мардакҷон” шудам. Акнун аз забони ҳамсарам шаҳду шакар меборид ва мудом “мардакҷон, гап дар ин ҷо будаасту шумо умри ҷавонатонро беҳуда сарф карда, чандин сол идорашинӣ кардед-да” мегуфт.
Хулласи калом, муддати 10 сол дар Русия дар сохтмон кор карда, зиндагиамро хеле беҳтар намудам. Хонаҳои кӯҳнаро чаппа карда, ба ҷояшон хонаи нави замонавӣ сохтам, ҳавлиро ба тартиб даровардам, мошин харидам, фарзандонамро дар мактабҳои хуб хонондам, ду духтарамро бо обрӯ ва тӯю тамошо ба шавҳар додам, аммо имсол ҳангоми як амалиёт кормандони пулис ҳамаамонро пешандоз карда бурданд ва ба шиносномаҳоямон муҳри “депорт” заданд.
Ҳамин тавр, дасти холӣ ба Ватан баргаштам. Пештар ҳар гоҳ, ки аз Россия биёям, зану фарзандонам дар атрофам парвонавор пар-пар мезаданд. Бароям беҳтарин хӯрокҳоро мепухтанд, пойҳоямро маҳс мекарданд, зиёфат ороста, хешу таборро даъват мекарданд.
Бародарону хоҳаронам ҳам “акаҷон, сиҳату саломат баргаштед” гӯён, пояшонро аз хонаам намеканданд, вале ин дафъа бо дасти холӣ ба хона баргаштанамро фаҳмида, дили ҳама якбора аз ман сард шудааст, на аҳли оилаам меҳрубонӣ мекунанд ва на хешу табор аз дари хонаам медароянд. Занам боз ба таънаю маломаташ сар карда мегӯяд, ки ман як марди ноуҳдабаро будам ва ҳамин тавр ноӯҳдабаро мемонам.
Ҳамсарам бачаҳои ҳамсояро мисол меорад, ки ба Олмон, Британияи Кабир, Кӯриё, Туркия ва дигар давлатҳои хориҷӣ рафта, дарза–дарза доллару евро кор карда истодаанд. Ҳарчанд мефамонам, ки “ҳой занак, ман забони хориҷиро намедонам, дар он давлатҳо шинос надорам, чӣ хел ба хориҷа равам?”, ҳеҷ намефаҳмад. Азбаски занам бесавод аст, дарк намекунад, ки давлати хориҷӣ хонаи очаат нест, ки ҳар гоҳ дилат хост, билет харида ба ин ё он давлат равӣ ва дарҳол кори сердаромад ёфта, пачка-пачка доллар ё евро кор карда, ба хонаат равон кардан гир.
Акнун фаҳмидам, ки муҳоҷирро барои худаш не, барои пулаш дӯст медоштаанд. Афсӯс, ки дар дунё заррае одаму одамгарӣ намондааст.
С. И.