Салом дӯстони азиз. Ман як зани роҳгумзада мехоҳам дар ҳалли мушкили оилавиам аз шумо маслиҳат бипурсам.
Оилаи ман айни замон дар сарҳади вайроншавӣ қарор дорад, илтиҷо мекунам, ягон рҳи аз вайроншавӣ наҷот додани оилаамро бигӯед, то ки фарзандонам бе падар ва зиндаятим нагарданд.
Гап дар сари он аст, ки шавҳари ман дар муҳҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва Або гумони он ки дар он ҷо шояд чанд зану маъшуқаи дигар дошта бошад, ман аз рашку алам ва гумонҳои бад мисли ҳузуми хушк бе гӯгирд оташ мегирам. Рӯзи гузашта ба саҳифаи шавхарам даромада ба ҳамаи шиносҳояш аз рашк навиштам ки О дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Ҳама бовар карданд ва дар ҳаққи арвоҳи шавҳарам дуо намуда “фояш ҷаннат шавад” гуфтанд.
Ҳамин тавр мардумро ба ҷанозаи шавҳари зиндаам хабар карда, ман аз кори кардаам завқ мебурдам, бехабар аз он ки шавҳарамро зинда ба зинда гӯр карда, қабри бахтамро низ бо дасти худам меканам.
Хулласи калом, шавҳарам аз кори кардаи ман хабардор гашта, қариб девона шудааст. Нимаи шаб вай ба ман занг зада, ҳақоратборон кард ва сари қаҳр гуф,т ки бору буғчаатро гиру тезтар аз хона даф шав, ки дигар рӯятро набинам. Ман ҳомиладорам ва акнун чи кор карданамро намедонам. Коре, кикардам фақат аз рӯйи рашк алам буд ва он вақт о чӣ анҷом ёфтанашро ҳатто фикр ҳам накардаам. Акнун дар байни обу оташ монда, намедонам чи хел оилаамро аз вайроншавӣ наҷои диҳам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кр кунам, ки шавҳарам маро бубахшад?
Ба шавҳарам бошад, гуфтаиням, ки мардакҷон, маро бубахш. Ин ин кори аблаҳонаро аз рӯйи рашк кардам. Медидам, ки зиёд шиносҳои зан дорӣ, гумони бад бурда, хостам бо ҳамин роҳ туро аз занҳои шиносат ҷудо кунам. Илтиҷо мекунам, маро бубахш, азизам!
#анонимно
Таҳияи Шаҳлои Наҷмиддин