sebiston july new
Аз рашк келинҳоро ҷодугар нахонед!
06.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1305

Вақтҳои охир тез-тез аз забони хушдоману қайсингилҳо нисбати арӯси хонадонашон суханони ноҷо мешунавам.

Аксарият аз келин гила карда, мегӯянд, ки “занаш писарамро ҷоду кардааст” ё “келинамон бо сеҳру ҷоду даҳони бародарамро бастаасту акаи занкалонам бо доираи ҳамсараш рақс мекунад”.

Ростӣ, ман ба ин гапҳо бовар надорам. Ба назари ман, вақте келин дили шавҳарашро ёфта, муросо мекунад, ин рашки наздиконашро меорад ва аз ҳамин хотир чунин гапҳоро мебофанд, ҳол он ки, дар асл зану шавҳар бо ҳамдигар меҳру муҳаббат доранд. Келин ҷодугар не, балки дили шавҳарашро ба даст овардааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “дил ёбу қанд хӯр!”.

Модоме келин бо шавҳари худ муросо мекунаду ҳарду хушбахтанд, чаро ба зиндагии онҳо дахолат мекунед? Писар ё бародаратон занкалон аст ё не, инаш ба шумо дахл надорад, беҳтараш аз пайи зиндагии худ шавед!

МАРҶОНА, н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД