Arzon march 2024
Аз раъду барқ ва жолаву борон эҳтиёт шавед!
833


Аз 20 то 22-июн дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво якбора т 8-10 дараҷа паст мефарояд.

Боридани борон, бар баъзе мавзеъҳо боронҳои хеле шадид дар назар дошта шудааст, ки боиси омадани сел ва баланд шудани сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо гашта метавонад.
Табиат тӯли ду рӯз ғазаби худро бо раъду барқ ва жолаву селборон ба сари инсоният мерезад, бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз тамоми сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан роҳҳои печида ва пурхатари кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд.

Бидуни зарурат барои ҷамъоварии ҳезум, замбуруғ, рустаниҳои шифобахш ва ё моҳидорию шикору сайру саёҳат ба минтақаҳои баландкӯҳ ва соҳили дарёҳо наравед, зеро дар ин минтақаҳо хатари бештар ба одамон таҳдид менамояд.

Тибқи маълумоти маркази ҳавошиносӣ пагоҳ ҳарорати ҳаво нисбат ба имрӯз боз ҳам поёнтар мефарояд.
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 16-18 дараҷа ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад, вале боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар кӯҳҳо хавфи омадани сел бар асари борони шадид вуҷуд дорад. Ҳавошинсон мегӯянд, боридани сел метавонад боиси баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо гардад.
Ҳафтаи гузашта бар асари раъду барқ як чӯпон ва як зани дигар ҷони худро аз даст дода буданд, бинбар ин, мо аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунем, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД