Прокурор Фатҳулло Ғайбуллоев маро ба назди худ даъват карданд. Вориди кабинети сардор шуда дидам, ки он кас бо як марди қадбаланди рустамбозуи тахминан 45-50-солаи ношинос нишастаанд. «Ҳамаи корҳои дигарро мавқуф гузошта, ин аризаро хонеду бо ин кас суҳбат карда, баёноташонро гиред ва таъҷилан ҳамроҳи гуруҳи навбатдорони фаврӣ-ҷустуҷӯии ШКД аз пайи санҷиш шавед»,- амр намуд прокурор.
Аз арзномааш фаҳмидам, ки ин мард сокини қишлоқи Мачитон буда, зани ҷавоне доштааст. Ҳамроҳ ном сокини Рӯдакӣ зани муъмину мусулмон ва худотарсу намозхони ӯ Шарифамоҳро чандин бор аз роҳҳо маҷбуран, бо истифодабарии қувваи зӯрии ҷисмонӣ, ба мошинаш савор карда, бо таҳдиди зада куштан таҷовуз намудааст.
Ҳамроҳи зинокор бо ин кирдораш хонаву дари ӯро ҳаром карда, шармандаю шармсор ва таънашунав намудааст. Вай сарашро дар қишлоқ дар назди ҳаққу ҳамсояҳо бардошта наметавонад. «Агар нисбати Ҳамроҳ чораҷӯӣ накунед, ӯро зада мекушаму ҷасадашро мисли лоси саг оварда дар назди идораатон мепартоям»,- навишта буд Раҳим дар аризааш. Пурсидам, ки чаро худи ҷабрдида ариза нанавиштааст.
-Эй додар, каллаат кор мекунад ё не? Ҷабрдида зани ман аст. Магар ман ҳаққу ҳуқуқ надорам, ки шаъну шарафи оилаамро аз чунин зинокорон ҳимоя намоям?!
Акаи Раҳим шӯрида аз ҷояш ҷаста хест.
Кодекси мурофиавии ҷиноятиро кушода, баланд хондаму ба акаи Раҳим фаҳмондам, ки барои оғоз намудани тафтишот шикояти худи ҷабрдида лозим аст. Баъди шиносоӣ бо ин талаботи қонун мард ором гашта, гуфт: «Ман ин аризаро аз суханони занам навиштам. Занам ҳоло нотоб аст».
Ҳамроҳи гуруҳи навбатдорони ШКД аз паи санҷиши ҳолатҳои дар ин ариза оварда шудем. Ду нафарамон ба ҷои кори Ҳамроҳ, ду нафар ба хонааш ва ман ҳамроҳи даъвогар ба хонаи хушдоманаш рафтем, то ҳамсари «бемор» -ашро бубинем.
Ба кормандони милитсия супориш додам, ки Ҳамроҳро ба ШКД биёранд, вале дар бораи аризаи шикоятӣ, то омадани ман ба вай чизе нагӯянд.
Ҳангоме, ки мо ба хонаи хушдомани акаи Раҳим расидем, ҳамсараш соқу саломат дар ҳавлӣ машғули кору бори рӯзгор буд. Шарифамоҳ зани миёнақади лоғарандому хурдҷуссаи тахминан 28-30-солаи хушрӯй будааст. Ҷавонзан дар тан сару либоси олуфта дошт ва ҷумла ба ҷумла тӯтивор навиштаҷоти аризаи шавҳарашро такрору тасдиқ намуда, гиря кард. Шарифамоҳ зани дуюми Раҳим буда, рӯзашро бо дӯзандагӣ мегузаронидааст. Модари Шарифамоҳ гуфт, ки домодаш бисёр одами ҷоҳилу бадрашк аст. Духтарашро дар нӯги найза нигоҳ медорад, яъне баҳудаю беҳуда лату куб карда, қину азоб медиҳад. Аз ин марди муштзӯр безор шудаанд, вале пушту паноҳе надоранд, ки онҳоро аз дасти ин золим халос кунад. Духтараш бо Раҳим зиндагӣ кардан намехоҳад, вале ин шилқин маҷбуран бо Шарифамоҳ зиндагонӣ карда, ҷавобашро додан намехоҳад.
Ҳайрон шуда пурсидам:
-Магар домодатон ягон пушту паноҳи зӯр дорад, ки ин қадар ҳавобаландона зиста нисбати шумову духтаратон зулму ситамро раво мебинад?
-Домодам бесоҳиб аст, фақат як хоҳари модарҷудо дорад. Номаш Садаф. Дар қишлоқи шумо гуфтагӣ зиндагӣ мекунад,- номи деҳаи ҷавобгар мезистаро ба забон оварда гуфт модари Шарифамоҳ.
Баёнотҳои духтару модарро гирифта, ҳангоми хайрухуш аз Шарифамоҳ оҳиста пурсидам, ки оё ӯ хоҳиши ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси зинокорро дорад? Ҷавоб дод, ки бо модараш маслиҳат карда, сонитар фикрашро баён мекунад.
Ҳамроҳро рӯзи дигар ёфта оварданд. Ман ӯро ба назди прокурор бурдам. Фатҳулло Ғайбуллоев марди бисёр оқилу доно, одил, ҳаётдида, закӣ, дурбину дурандеш буданду таҷрибаи бойи тафтишотӣ доштанд.
Прокурор пеш аз оғози суҳбат доир ба аризаи Раҳим шахсияти Ҳамроҳро муайян кард. Раҳим 30-сола ва муҷаррад буда, танҳо як кампири модар доштааст. Пас аз ҳолу аҳволпурсӣ бо талаби прокурор ман баланд-баланд аризаи Раҳим ва баёноти «ҷабрдида»-ро хондам. Ҷавон дар таҳлука афтода, сару рӯяш арақшор шуд.
Прокурор мулоимона, бе дӯғу пӯписа, ба Ҳамроҳ рӯ оварда гуфт:
-Писарам, дидӣ, ки ҳоло ту ба чӣ вазъияти сангину хатарнок гирифтор шудаӣ. Аз ин ҳолати мудҳиш раҳоӣ ёфтанат мумкин, ба шарте, ки ҳақиқати муносибатҳои маҳрамонаи дар байни туву ин зан бударо бигӯӣ! Шарм надошта кори шудагиро ба мо гуфта деҳ, то ин ки дар ҳаллу фасли тақдири ту хато накунем!
Бо рухсати прокурор ба кабинети ман баргаштем, модару як хеши Ҳамроҳ маро интизор будаанд. Ман ба онҳо оиди аризаи шикоятӣ кӯтоҳакак маълумот дода, суханони прокурорро низ ёдовар шудам. «Бачам! Ҳақ номи Худо аст. Ягон кори нобоб дар байни ту ва ҳамсари аризадиҳанда гузашта бошад, росташро гӯй, то ин ҷавонмардон қарори дуруст қабул карда тавонанд»,- Рост ба чашмони Ҳамроҳ нигариста, таъкид намуд модари пираш.
Ҳамин тавр, ташвиқу тарғиб ва панду насиҳаткуниҳои мо асар намуду ҷавон бо рангу рӯйи парида аз ман об пурсид. Аз графин ба як пиёла об рехта ба вай дароз кардам. Ҳамроҳ обро нӯшиду хоҳиш кард, ки ману ӯ танҳо монем. Модару хешаш аз утоқ баромаданд. Ҳамроҳ оҳи сард кашида пурсид:
-Ака, агар рости гапро бигӯям, шавҳари ба шӯр омадаи Шарифамоҳ маро тинҷ мемонад? Аз ман қассос намегирад?
Бехатарии ҳаёту саломатиашро кафолат додам. Ҷавон нафаси сабук кашида ба ифшои сирри ишқварзиаш бо Шарифамоҳ оғоз кард.
Маълум шуд, ки Ҳамроҳу Шарифамоҳ қариб се моҳ пеш шинос шудаанд. Шарифамоҳ мошини Ҳамроҳро нигоҳ дошта хоҳиш кардааст, ки ӯро бо мошини дарздӯзиаш то шаҳр расонад. Он рӯз вай мошинаи чокдӯзиашро барои таъмир мебурдааст. Усто мошинаро муоина карда, барои ҳаққи хизматаш пул талаб кардааст, вале Шарифамоҳ «ман надорам» гӯён, китф дарҳам кашидаасту Ҳамроҳ маҷбур шуда, худаш бо усто ҳисобӣ карда ҷавонзанро боз аз шаҳр ба деҳа, ба хонаашон оварда мондааст. «Шуморо розӣ мекунам» гӯён,-худи Шарифамоҳ шуълаи умеди васлро дар дили ҷавон фурӯзон кардааст. Ин ҷавонзани маккора ҷавони хоми бетаҷрибаро фиреб карда гуфтааст, ки бешавҳару бефарзанд аст ва мехоҳад бо ягон ҷавони мисли Ҳамроҳ хушрӯву муъмину мусулмон оила барпо намояд. Ҳамин тавр онҳо бо якдигар мисли ширу шакар қарин гаштаанд. Тез-тез улфат карданӣ шуда аз бозор маҳсулотҳои хости дили Шарифамоҳро харида, ба дачаи дар дараи Ромит будаи яке аз ҷӯраҳои Ҳамроҳ дамгирӣ мерафтаанд. Онҳо волаю шайдои ҳамдигар гашта қарор додаанд, ки никоҳи мусулмонӣ баста, оила барпо намоянд. Бо ин мақсад, як рӯз Ҳамроҳ Шарифамоҳро ба хонааш бурда бо модар ва хешу таборонаш шинос кардааст. Чорво кушта як тӯйча оростаанд, занони ҳамсоя, аз он ҷумла хоҳари Раҳим низ арӯсбинӣ омада янгаашро шинохтааст. Бо ҳамин сабаб муллои деҳа онҳоро никоҳ накарда гуфтааст, ки ду шахси холис бояд дар бораи бешавҳар будани Шарифамоҳ гувоҳӣ диҳанд. Гувоҳ наёфта Ҳамроҳ ночор арӯсро ба хонаашон бурда мондааст. Хоҳари Раҳим воқеаро ба акааш хабаркашӣ намуда, боиси шӯру валвала гаштааст.
Кормандони милитсия ҳамаи шоҳидон, мулло, занони тӯякии ҳамсояи Ҳамроҳро пурсиданд. Онҳо суханони Ҳамроҳро тасдиқ намуданд. Дар сари ин муаммо 2-3 рӯз майна об карда, оқибат ба хулосае омадем, ки акаи Раҳимро ба гуфтугӯи ошкоро даъват намоем. Ин корро прокурор Ғайбуллоев ва сардори ШКД-и ҳамонвақтаи ноҳия Мирзоев ба зимма гирифтанд.
Раҳимро оварда шинонданд. Аввал соҳиби дача нақл кард, ки Ҳамроҳу Шарифамоҳ ҳар ҳафта як-ду бор омада, мисли зану шавҳар дам гирифта мераванд. Шарифамоҳ хӯрок мепазад, баъд ҳардуяшон дар ҳавои мусиқии магнитофон рақсу бозӣ мекунанд.
Мулло ҳикоя кард, ки 5-6 рӯз пеш ӯ бо Шарифамоҳ дар хонаи Ҳамроҳ суҳбат дошт. Шарифамоҳ қасам хӯрд, ки шавҳар надорад ва розӣ аст, ки тану нафсашро ба Ҳамроҳ бубахшад, чунки ин ҷавонро аз наздик мешиносад, вале ӯ онҳоро никоҳ накард.
Ғайбуллоев ба акаи Раҳим, ки суханони шоҳидонро хомӯшона гӯш карда менишаст, муроҷиат карда гуфт:
-Худатон ба гӯшатон шунидед, ки худи Шарифамоҳи маккора бо он ҷавон ихтиёран ишқварзӣ мекардааст. Шумо фирефтаи ин иғвои бемаънӣ шуда, қариб ба ҷони як ҷавони бегуноҳ ҷабр мекардед.
Ҳамин тавр прокурору сардори милиса марди хиёнатдидаро бо панду насиҳат ором намуданду акаи Раҳим миннатдорӣ баён карда гуфт: «Раҳмат ба шумо, ки ҳақиқати заҳролудро ошкор карда,маро аз иғвои зани маккораам воқиф намудед. Акнун ман ҷавоби Шарифамоҳро медиҳам, бигзор бо касе зиндагӣ кунад, ки дӯсташ медорад.
Абдуҷалил Юсуфов,
полковники мустаъфии адлия,
корманди фахрии Прокуратураи генералии ҶТ, аз Ваҳдат