... Шом модарам водор мекард, ки дарс тайёр кунем ва худ паси миз менишасту барои рӯзи фардо конспект менавишт. Аз ҳафт фарзанди хонавода камхобтарин ман будам. Вақте дар нисфи шаб яке бедор мешудам, медидам, ки модарам ҳанӯз ҳам менависад...
... Дар хурдсолӣ модар ба ман низ дарс дода буд. Худро масъул медонистам, ки чун фарзанди омӯзгор босавод бошам, аммо ниҳоят шармгин будам. Ҳине, ки ҳамсинфонро сахт мегирифт, дар хона аз ӯ илтиҷо мекардам, ки онҳоро сарзаниш накунад...
... Падарам низ дар мактаб аз химия ва биология дарс мегуфтанд. Барои дастгирии ӯ баъзан ширчой мепухтанд. Ҳар ду дар хона ахбори русиро бодиққат гӯш мекарданд ва аз таассуроти худ мегуфтанд. Соли 2018 реҳлат карданд...
... Акаам нуқси ҷисмонӣ дорад ва ӯ аз хурди эркаи хонадон буд...
Ёди деҳа, сустхонӣ дар мактаб, дилбастагӣ ба санъат дар хурдӣ, ҳунарнамоӣ дар Наврӯз, рӯзгори душвори деҳа, шармгинии аз ҳад зиёд, омадан ба пойтахт, супурдани имтиҳони сабуктарин, хотироти донишҷӯӣ, ташкили консерти 50-дирама, ҳамкорӣ бо Далер Назаров, оиладорӣ ва интихоби ҳамсар, гиря дар назди Президент ва дигар паҳлӯҳои рӯзгори фалаксарои маъруф Шуҳрат Сайнаков дар суҳбат бо сомонаи “Оила”.