Александр Обидови 15-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд иштирокчии чандин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии мусиқӣ мебошад. Ӯ ба наздикӣ дар озмуни истеъдоди кӯдакону наврасон "Признание", ки дар шаҳри Рими Италия баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гашт. Ин аввалин дастоварди Александр нест, ӯ борҳо дар чунин озмунҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст овардааст.
Меросе, ки мусиқинавоз кард
Александр Обидов соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ аз синни 5-солагӣ ба мусиқӣ рӯй оварду ҳоло он ба як ҷузъи муҳими ҳаёту зиндагияш табдил ёфтааст. Қаҳрамони мо дар аввал ҳамчун ҳаваскор ба олами мусиқӣ рӯй овард. Вай бо кумаки модар акардиони бобояшро менавохту аз оҳангҳои навохтааш завқ мебурд.
"Ҳар гоҳ, ки акардиони аз бобоям мерос мондаро медидам, бо шавқу ҳаваси кӯдакона онро менавохтам. Волидайнам иштиёқамро ба мусиқӣ дида, маро ба мактаби мусиқии ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд гузоштанд. Ман дар он ҷо аз устодони санъат тарзи навохтани аккардион ва фортепианоро омӯхтам. Дере нагузашта мо пианино харидем ва ман тарзи навохтани ин сози мусиқиро низ аз худ кардам",-иброз дошт мусиқинавози наврас.
Александр имрӯзҳо аз уҳдаи навохтани аккардион, фортепиано, гитара, укулеле ва пианино ба хубӣ мебарояд. Ӯ дар баробари навохтани оҳангҳои машҳури ҷаҳонӣ ҳамзамон оҳангҳои наву марғуб эҷод менамояд.
"Признание" - эътирофи истеъдодҳои наврас
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Рими кишвари Италия озмуни байналмилалии "Признание" баргузор шуд. Дар озмун 70 нафар кӯдакону наврасони болаёқат аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд. Ягона иштирокчии озмун аз Тоҷикистон Александр Обидов буд. Ӯ дар озмун бо пианино оҳанги Пётр Илич Чайковскийро навохт.
"Марҳилаи аввали озмун ба таври фосилавӣ сурат гирифт. Ман ба ҳакамон навори мусиқинавозиямро фиристодам. Дере нагузашта паёмак фиристоданд, ки ба даври навбатии озмуни "Признание" роҳ ёфтам. Хушбахтона дар даври дувуми озмун иштирок кардам ва сазовори ҷойи аввал гардидам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо бо кумаку мусоидати вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва саъю талоши волидайни меҳрубонаш бо ҳамроҳии падараш ба Рим сафар кард. Ӯ барои дастгириҳо ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва падару модараш изҳори сипос намуд.
Александр Обидов мегӯяд, ки аъзои ҳакамон ба оҳанги навохтааш баҳои баланд дода, ба устодону волидайни Александр изҳори сипос намудаанд.
Озмуни "Признаине" ҳамасола дар кишвари Италия баргузор мегардад. Он бештар барои муаррифии истеъдодҳои наврас ва эътирофи лаёқати онҳо ташкил карда шудааст. Ҳоло Александрро ба ҷашнвораи навбатии мусиқӣ дар Сан-Маринои Италия даъват намудаанд.
Хотираҳо аз Италия
Баъди ҷамбасти озмуни байналмилалии "Признание" иштирокчиёнро ба тамошои мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Италия бурданд. Онҳо ба Колизей, Арки Константин, калисои бошукӯҳи Санта Мария Маджореро ва дигар мавзеъҳои сайёҳии Италия рафтанд.
"Аз дидани обидаҳои таърихии Италия ба ваҷд омадам. Фикр мекунам дар он ҷо таърих нафас мекашад. Ҳар як порчаи қасру кӯшкҳои таърихӣ урфу одат ва маданияти Румро бозгӯӣ мекунад. Ин мавзеъҳои таърихиро дида ба ҳамроҳонам, ки аз кишварҳои гуногун буданд, оид ба таъриху фарҳанги қадимаи худамон гуфта, маконҳои таърихии Тоҷикистонро номбар кардам. Шавқу завқи онҳо барои дидани кишвари зебоямон бештар шуд",- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Александр Обидов бо забони русиву англисӣ озодона ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми саёҳат забондонӣ барояш кумак кардааст. Қаҳрамони мо ҳамарӯза бо асбобҳои гуногун оҳанг менавозад. Вай аллакай дар ин соҳа ба якчанд дастовардҳои бузург ноил шуда бошад ҳам, вале дар оянда мехоҳад барномасоз мешавад.
"Дар оянда барномасоз шудан мехоҳам. Аммо, мусиқинавозиро тарк намекунам. Ҳанӯз намедонам, ки мисли Табриз Шаҳидӣ як империяи бузурги мусиқӣ барпо мекунам ё на, аммо орзу дорам, ки як гурӯҳи шахсии худро таъсис диҳам. Дар он ҷо бачаҳои боистеъдод ҷамъ шуда, ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд",- мегӯяд мусиқинавози наврас.
Иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои ҷаҳонӣ
Александр Обидов иштирокчии чандин озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ буда, дар бештари он ғолиб гаштааст. Назар ба гуфти қаҳрамони мо, ин ҳама дар натиҷаи меҳнати пайваста, эътимод ба худ ва ба муҳаббати беандоза ба оҳангу мусиқӣ аст.
"Шиорам дар зиндагӣ "кӯшиш намо, то аз дирӯз беҳтар бошӣ". Дар ҳар озмуни байналмилалие, ки меравам, кӯшиш мекунам сазовори ҷойи аввал гардида, обрӯву нуфузи кишвари азизамонро дар арсаи байналмилал бардорам. Мехоҳам ба онҳо нишон диҳам, ки тоҷикбача чӣ хел истеъдоду маҳорат дорад. Аз ин лиҳоз, ба ҳамсолонам тавсия медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ таслим нашаванд ва дар он роҳе, ки интихоб кардаанд, ҳамеша муваффақ бошанд",- гуфт Александр Обидов.
Қаҳрамони мо дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" ҷойи дувум, дар фестивали умумирусиягии "Мой Пушкин" аз рӯйи номинатсияи ҳунарҳои саҳнавӣ ҷойи дувум, ғолиби фестивали "I love Russia-2024" ва озмуни истеъдоди кӯдакону наврасон "Признание-2025" мебошад. Ӯ дар ин озмун ҳамзамон бо шаҳодатномаи махсуси "Звезда Вдохновления" мукофотонида шуд.
Александр ҳоло дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи А. П. Чехов ва Омӯзишгози мусиқии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. Ӯ ният дорад боз ҳам истеъдоду маҳорати навозандагияшро сайқал дода, дар ин самт ба дастовардҳои бештар ноил гардад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ