Arzon march 2024
Аз хона гурезам ё ба хотири волидонам ба тақдир тан диҳам?
30.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1432

Салом! Ман дар оила яккафарзанд ҳастам ва имрӯз бо як муаммои бузург рӯ ба рӯ гашта, мехоҳам аз шумо - хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.

Ҷавонеро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам, вале падару модарам маро ба писари амаам фотиҳа карданд, то ки ба оилаи бегона афтида, дар зиндагӣ азоб накашам. Ростӣ дар вақташ аз шарм натавонистам ошкоро ба волидонам бигӯям, ки ман ҷавони дигареро дӯст медорам, аммо баъди фотиҳа шудан ҳам аз ишқам ҳеҷ дил канда наметавонам. Пинҳонӣ аз волидонам бо дӯстдоштаам то ҳол гап мезанам.

Писари аммаам дар Русия буд ва то ин дам бепарво мегаштам, вале аз рӯзе, ки вай ба Ватан баргаштааст, орому қарори худро аз даст додаам. Акнун то кадом андоза ҷиддӣ будани масъаларо эҳсос карда, дарун ба дарун хун мехӯрам. Андешаи он ки баъди чанд моҳ дӯстдоштаамро якумра аз даст дода, маҷбур мешавам ба хотири падару модарам тамоми умр бо ҷавомарде, ки дӯсташ намедорам, зиндагӣ кунам, маро ҳар рӯз сад бор бе корд мекушад. Дилам хеле хиҷил аст, аммо ҳарчанд фикр мекунам, ягон роҳи наҷотро намебинам. Шабҳоро бо гиря саҳар карда, дар байни як моҳ пӯсту устухон шуда мондам. Модарам сабаби ғамгин будани маро чанд бор пурсон шуданд, аммо рози диламро гуфта натавонистам. Аниқтараш медонам, ки гӯям ҳам, ягон фоида надорад, чунки ба хотири як ҷавони бегона шуда, падару модарам ҳаргиз фотиҳаро намегардонанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки амаам сахт меранҷад ва хешиву табориашон якумра вайрон мешавад.

Хуллас, ошиқам мегӯяд, ки биё ҳамроҳ фирор мекунем, вале ман дудила ҳастам. Агар аз хона фирор кунам, обрӯйи падару модарам мерезад ва шояд мардум гумони бад бурда, дар ҳақи ман овозаҳои бардурӯғ паҳн кунанд. Байни ман ва ҷавони дӯстдоштаам ба ҷуз ишқу муҳаббати пок дигар чизе нест ва то ба имрӯз ӯ дасти маро ягон бор ҳам надоштааст. Намехоҳам, ки мардум бо овозаҳои бардурӯғ ишқи поки моро олудаи бадномӣ созанд. Байни обу оташ монда, сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М. А.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД