Ману шавҳарам фарзанди сеюмамонро интизорем. Мардакам чанд моҳ пеш маро бо ду кӯдак танҳо гузошта, ба Русия коркунӣ рафта буд ва то ҳол даракаш нест. Айни замон тифли батнам нуҳмоҳа шудааст ва ҳамин шабу рӯзҳо бояд таваллуд кунам.
Пойҳоям варам кардаанд, тамоман қуввату мадор надорам. Касе нест, ки дар нигоҳубини фарзандонам ба ман ёрӣ расонад. Болои ин хешу табори шавҳарам тез-тез ба меҳмонӣ меоянд ва ҳафтаҳо дар хонаи мо мемонанд. Пештар онҳоро бо ҷону дил меҳмондорӣ мекардам, вале акнун вазни худамро базӯр мебардораму рӯзи дароз барои хешовандони мардакам хизматгорӣ кардан бароям душворӣ мекунад. Базӯр хӯрок мепазаму ҷойгаҳи хобашонро партофта меғундорам. Онҳо чунон холабеғам ҳастанд, ки ҳатто либосҳояшонро худашон нашуста, дарди сари мани ҳомиладор мекунанд. Як бор андеша намекунанд, ки ҳамин занак дуҷон аст, азоб мекашад, гӯё ман ғуломи ҳалқабаргӯшашон бошам: «янга, ҳамин шиму куртаҳои маро шӯед» гӯён, як ғарам либосро пешам партофта, баҳузур дар назди телевизор по дароз мекунанд. Бовар кунед, вақти либосшӯйӣ баъзан аз зӯрии дард гиря мекунам.
Хешу табори шавҳарам гӯё ақл надошта бошанд ё шиками дамидаи маро намедида бошанд, пайи ҳам меоянду мераванд, гӯё хонаи мо меҳмонсарой бошад. Чанд маротиба ба шавҳарам занг зада, вазъиятро фаҳмондам, ваъда дод, ки ба модараш занг мезанад ва хоҳиш мекунад, ягон ҷиянашро барои кӯмак расонидан ба ман фиристад, вале зоиданам наздик шуда истодаасту аз ёрдамчӣ ҳанӯз дарак нест.
Аламам меояд, хешу табори шавҳарам дар тайёр хӯрдан ҳамто надоранд, вале вақте ёрӣ мепурсӣ, дами ҳамаашон ба дарун мезанад. Дигар тобу тоқати чунин зиндагиро надорам.