Ману шавҳарам дӯст дошта, хонадор шудаем. Мисли Лайливу Маҷнун будем. Фикр мекардам, ки ишқу муҳаббат, бистари никоҳӣ барои як умр аст. Аммо...
Чанд рӯз қабл ҳангоми аз назди меҳмонхонаи “Душанбе” пиёда гузар карданам, шавҳари меҳрубонамро бо ҷавонзани оростае дидам, ки дар рӯи харак нишаста, даст ба даст ҳамоғӯш буданд. Дар ҷоям шах шуда, хостам рафта, аз гиребонаш бигираму як шаппотӣ занам, вале ғурур маро аз роҳ боздошт. Пинҳонӣ онҳоро хеле назорат кардам. Сипас ба телефони шавҳарам занг задам. Ӯ гӯширо бардошту ҳатто саломамро алек нагирифта, бо сардӣ гуфт:
- Ман дар маҷлис!
Ва телефонро хомӯш кард. Ман дигар инони ихтиёрро аз даст дода, гирякунон то хона пиёда омадам.
Чӣ кор карданамро намедонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Бо шавҳарам ҷанг кунам ё хомӯшона зиндагиамро бо дили шикаста идома диҳам?
Хонандаи Oila.tj