Ман падари як писару се духтар ҳастам. Тамоми умр писарамро эрка кардаму барояш тамоми нозу неъмати дунёро муҳайё мекардам.
Вақте писарам донишҷӯ шуд, ҷангҳои шаҳрвандӣ сар шуданду ба хотири он ки ҷигарбандам барои аз ноҳия ба шаҳр рафтан азоб накашад, роҳ ба сӯи муҳоҷират пеш гирифтам. Дар яке аз шаҳрҳои сардтарини Русия дар ҷангалзор кор мекардаму зуд-зуд ба хона пул мефиристодам.
Пайваста аз занам хоҳиш мекардам, ки барои писарам тамоми шароитҳоро муҳайё созаду ба дасташ пул диҳад. Хулоса, қариб даҳ сол дар ин кишвари сард кор кардаму билохира сардиҳо таъсир карда, касал шуда ба хона баргаштам. Писарамро зан дода, соҳиби чандин набера шудем.
Имрӯз синну солам аз 70 гузашта, ҳамроҳи писарам умр ба сар мебарам. Зуд-зуд бемор мешаваму дар беморхонаҳо бистарӣ мегардам. Агар як рӯз касал бошам, як рӯзи дигар бемор ҳастам. Ҳар гоҳе бемор шавам, писарам ғур-ғур мекунад, ки барои табобати ман пули зиёд сарф кардаасту аз ин ҳама бемордорӣ хаста шудааст. Духтаронам бо вуҷуди он ки кумаки пулӣ карда натавонанд ҳам, нисбати ман хеле меҳрубонанд, ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намуда, аз ҳолам бохабар шуда меистанд.
Сабаби нома навиштани ман чизи дигар аст, ман ба ҳамаи он мардоне, ки аз тавлид ёфтани духтар ғамгин мегарданд, гуфтан мехоҳам, ки духтар дар пирӣ асои дасти падар мешудааст. Ҳеҷ гоҳ аз духтар доштан ношукрӣ накунед, мардҳо!
Хонандаи “Оила”.