Се мусофире, ки аз Дубай ба Тошканд омада будаанд, ҳангоми кӯшиши ғайриқонунӣ ворид кардани 14 смартфони нави iPhone ошкор шудаанд.
Тибқи иттилои мақомоти гумруки Ӯзбекистон, аз 20 то 22-юми сентябр дар гузаргоҳи гумрукии «Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд» чанд ҳолати воридоти смартфонҳои нав бе декларатсия ошкор шудааст.
Ҳангоми пурсиши шифоҳӣ ва санҷиши декларатсияҳои гумрукӣ мусофирон телефонҳои дар бағоҷашон бударо нишон надодаанд. Дар натиҷаи санҷиш 8 адад iPhone 18 ва 6 адад iPhone 17 пайдо шудааст. Арзиши умумии смартфонҳо беш аз 19 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
Ба таъкиди мақомоти гумруки Ӯзбекистон, агар телефон ҳангоми ворид шудан декларатсия нашуда бошад ва баъдан барои бақайдгирӣ тавассути UzIMEI пешниҳод шавад, пардохтҳои гумрукӣ метавонанд аз арзиши пурраи дастгоҳ ситонида шаванд.