arzon replenishment
Аз дасти қайсингил рӯз надорам
27.07.2024
НОЗАНИН
2510

Салом. Нозанин ҳастам, дар яке аз ноҳияҳои тобеи марказ зиндагӣ мекунам. Ҷавонеро дӯст дошта, бо интихоби худам ба шавҳар баромадам.

Вақте ки қабл аз издивоҷ аз дӯстдоштаам дар бораи аҳли оилаашон пурсон мешудам, тавре наздиконашро ба ман муаррифӣ менамуд, ки гумон мекардам мисли оилаи мо тифоқ ҳастанд ва зудтар фаро расидани рӯзи тӯямонро интизор мешудам.

Ман медонистам, ки апаи дӯстдоштаам аз шавҳараш ҷудо шудаву бо як фарзанд дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад. Баъди он ки тӯйи мо барпо шуду ман келин шуда, ба хонаашон рафтам, аз рӯзи аввал ба муносибати сарди апаи шавҳарам дучор гардидам. Намедонам сабаб дар чӣ бошад, ки қайсингилам ба ҳар кори ман эрод гирифта, хӯрокҳои пухтаамро танқид мекунад. Аз субҳ то шом давида ҳама кори хонаро мекунам, хӯрок мепазам, либос мешӯям ва боз духтарчаи ӯро низ нигоҳубин мекунам. Шавҳарам пеш аз тӯй мегуфт, ки намегузорад маро касе дар хонаашон азият диҳад. Вале тамоми азобҳои маро бинад ҳам, худро ба карию кӯрӣ зада, мегӯяд, ки ба ҳамааш тоқат кунам.

То вақте ки ҳомиладор набудам, ба ҳама гапу кор тоқат мекардам, вале аз вақте дар батнам фарзанд шудааст, асабҳоям нозуку гирёнчак шудаам. Қариб ҳар рӯз пинҳонӣ аз ҳама гиря мекунам, вале ба касе дарди дил карда наметавонам.

Дар вақташ модарам гуфта буд, ки модоме шавҳаратро худат интихоб мекунӣ, ба назди ман шикояткунӣ набиё!

Пушаймонам, ки ишқу ошиқӣ гуфта, интихоби шавҳарро ба модарам нагузоштам. Ба ҳар ҳол модарон таҷриба доранду дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ хато намекардагистанд.

Хонандаи азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, зиндагиямро давом диҳам ё қаҳр карда, ба хонаи очаам равам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД