Аз дарди ишқ месӯзам...
26.10.2025
Oila.tj
367

Салом хонандаи азиз! Имрӯз ман сахт ба маслиҳати ту ниёз дорам.

Фаридун ном ҷавонеро дӯст медорам, вале падару модараш ӯро маҷбуран бо духтари холааш фотиҳа карданд. Оташи рашк маро чунон сахт месӯхт, ки дигар зистан намехостам. Ба Фаридун занг зада гуфтам, ки дар рӯзи тӯяш худамро оташ мезанам. Ин гапро шунида талхакаф шуд. “ Тоқат кун, ман ягон илоҷашро ёфта, фотиҳаро мегардонам”-гӯён, маро тасаллӣ дод, вале хуб медонистам, ки ин кор аз дасташ намеояд. Пештар ҳам сари ин масъала байни Фаридун ва волидонаш ҷанҷол шуда буд, онҳо дар назди писарашон шарт гузошта гуфтанд: “аз ду якеро интихоб кун бача, ё мо ё ҳамон духтари дӯстдоштаат. Дониста бош, ӯро интихоб намоӣ, мо туро оқ мекунем!”. Фаридун аз тарси оқипадар шудан ба издивоҷ бо духтари холааш розигӣ дода буд.

Хулоса, пеш аз Рамазон волидонаш келинашонро ба хона оварданд. Рӯзи тӯйи дӯстдоштаам осмон гӯё ба сарам чапа шуд. Худамро дар дарё ғарқ кардан хостам, вале боз ҷонам ширинӣ кард. Имрӯз Фаридун бо духтархолааш ҳаёти ширин дорад, вале мани дилшикаста то ҳол бо ёди ӯ гирёну нолонам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел ба мардум фаҳмонам, ки ба дили захминам бо саволҳояшон дубора корд назанад? Умуман, чӣ кор кунам, ки Фаридун ва ишқи бебарорам аз ёдам равад?

ДИЛАФРӮЗ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД