Муддати панҷ сол мешавад бо шавҳарам зиндагӣ мекунем. Соҳиби як фарзанд ҳастем. Шавҳарам бо ман хеле меҳрубон аст, вале хушдоманам бо теғи нигоҳу тундзабонияш маро сахт меранҷонад.
Рӯирост ба шавҳарам мегӯяд, ки занат дар хона фармондеҳ асту дасташро ба оби хунук намезанад. Боз мегӯяд, ки то вақте ман ҳастам, писарам бояд дар бари ман хоб кунад. Аксар шабҳо намемонад, ки бо ҳам хоб равем.
Борҳо гапзании хушдоманамро фаҳмидам, ки ба писараш мегуфт: «Аз занат ба ту фоидае нест, рӯз то бегоҳ бо ҳамсояҳо ғайбати мардумро мекунаду боварӣ дорам, ки туро ба худаш гарм кардааст”. Аламам мекунад, ки тамоми кори хонаро иҷро мекунаму боз хушдоманам маро назди шавҳарам ганда мекунад.
Шавҳарам маро дӯст медораду доим дилбардорӣ карда, “ба гапҳои модарам аҳамият надеҳ, ӯ аз аввал ҳамин хел одат дошт, набояд аз андак гапи ӯ хотират озурда гардад” мегӯяд. Нисфи шаб ҳам бошад, хушдоманам таёқ зада, ба ҷои хоби мо медарояду кӯрпаро бо нӯги таёқаш яктараф карда, “шумо маро дар ин торикиву бебарқӣ талхакаф карда мекушед, писарам хез, ба ҳуҷраи ман рафта, хоб кун, маро дар хобам сиёҳӣ зер кард, тарсидам” мегӯяд. Борҳо доду фиғон бардошта «ту фарзандамро аз ман ҷудо карда наметавонӣ, сад ҷодугарӣ кунӣ ҳам, ӯро ба ту намедиҳам” мегӯяд. Ростӣ, аз чунин кирдори модаршӯям сахт хаста шудаам. Ман ҳам оҳанин нестам ку, косаи сабрам лабрез шудааст. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
С.