arzon replenishment
Аз чоҳ об баровардан чӣ таъбир дорад?
1259

Дирӯз хоб дидам, ки аз чоҳ об бароварда истодаам. Таъбирашро донистаниам.

Азизмо, н. Сангвор

Посух:
Нафаре, ки дар хона ё ҳавлии худ чоҳро хоб мебинад, зиндагии серу пур насибаш мегардад ва баъди мушкилиҳо аз ҷое сабукӣ эҳсос менамояд, ки тамоман интизораш набуд. Хоб дидани чоҳе, ки аз он ҳама истифода мебаранд, нишонаи хушнудӣ баъди мушкилиҳо ва ғаму ғусса аст. Агар нафари ниёзманду корафтодае дар хобаш аз чоҳи Замзам об нӯшад, орзуву омолаш амалӣ мегарданд.

Баъзе уламо бар онанд, ки агар мард дар хобаш чоҳро хоб бубинад, бо нафаре шинос мешавад, ки барояш хушбахтии зиёде ҳадя менамояд. Кандани чоҳ дар хоб аз оиладоршавӣ далолат медиҳад.

Чоҳ дар хоби зан аз сериву пурӣ ва ҳомиладоршавӣ мужда медиҳад. Рафту оби чоҳ аз ашки чашмони зан пур мешуда бошад, ҳушдор аз бачапартоӣ аст. Дар хоб аз чоҳ об нӯшидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз дороии зане истифода мебарад. Дар хоб ба чоҳ афтидан фоли нек надорад, он таҷассумгари марг барои шахси бемор , зиндон барои афроде, ки душман дорад ва ғарқшавии киштӣ барои мусофир аст. Рафту дар хоб оби чоҳ тоза бошад, ба он афтидан фоли нек аст, рафту чоҳ хушк бошад, маънои наздик шудани маргро дорад. Дидани чоҳи вайронаву валангор аз наздик омадани марги зане шаҳодат медиҳад, ки барои шахси хобдида хеле азиз аст.

Хоб дидани чоҳе, ки обаш мерезад, аз фош гаштани сиру асрори инсон ҳушдор месозад. Дар хоб аз чоҳ бо сатил об гирифтан аз шунидани хабари хуш мужда мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД