Салом! Ман ҷавонзани 19-солаи тоҷик дар ҳалли як масъалаи бисёр муҳим аз хонандагони рӯзгордидаи ҳафтаномаи “Оила” маслиҳат пурсиданиям.
Фаришта ном дорам ва дар курси сеюми донишгоҳ мехонам. Волидонам ду моҳ пеш маро ба як ҷавони зебо ба шавҳар доданд. Падарам бо падари домод дӯстони дерина буданд ва ба хотири ҳамин дӯстиашон маро ба писари ҷӯраи ҷониашон доданд.
Ҳамдигарро надида издивоҷ карда бошем ҳам, ман шавҳарамро сахт дӯст медорам, чунки ҷавони хушқаду қомат, хушахлоқ, меҳрубон ва бисёр бо нангу номус аст. Ягона камбудиаш он аст, ки сахт бадрашк аст ва маро ҳатто ба сояи худаш ҳам рашк мекунад.
Таъриф нашавад, духтари хеле зебо ва дарҳол ба назар менамудагӣ ҳастам. Қабл аз шавҳар карданам бачаҳои зиёде аз пасам давида мегаштанд, вале ман вақти ишқу ошиқӣ надоштам, чунки ҳушу хаёлам фақат ба хондан банд буд. Дар байни ошиқони шилқинам ҷавони сарватманде ҳаст, ки як сол боз аз пасам давида, маро азият медиҳад. Аввалҳо ба ӯ тамоман аҳамият намедодам, баъд аз пасам кашола шуда гаштанаш ба дилам зад ва ошкоро гуфтам, ки ман зани шавҳардор ҳастам, беҳуда ҳам худаш ва ҳам маро азоб надода, ягон духтари муҷаррадро ёбад, вале ба гапам бовар намекунад. Хуллас, ин авбоши пулмаст катагӣ карда, бо мошин ба донишгоҳ меояд ва ҳамин, ки аз донишгоҳ баромадам, мошинашро баробари ман ронда истода, раҳораҳ ба ман гап партофтан мегирад. Дашном медиҳам, ҳақорат мекунам, гапҳои сахт мезанам, аммо ба ин бойбачаи шилқини беномус на гапи хуб таъсир мекунад, на гапи бад. Ман зани шавҳардор ҳастам гӯям, дар ҷавоб мегӯяд, ки “хушрӯча, тезтар аз шавҳарат ҷудо шав, ман туро ба занӣ мегирам”. Намедонам аз ин ҷавони беақл чӣ хел халос шавам. Метарсам, ки ягон рӯз шавҳарам тасодуфан ба донишгоҳ омада, аз паси ман кашола шудани он ҷавонро набинад. Намехоҳам барои як аҳмақ шуда, зиндагиам вайрон ва бадном шавам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Фаришта, донишҷӯ.