Sebiston new 2024 october
Аз ғайбати хушдоману таънаи хоҳаршӯй ҷонам ба лабам расид
1479


Ман келини хонадоне ҳастам, ки бо бадгӯиву гандагиашон дар деҳаамон ном баровардаанд. Азбаски шавҳарамро сахт дӯст медорам, ба ҳамаи ин азобҳои равонӣ сабр дорам.

Вале моҳҳои охир кор аз кор гузаштааст. Хушдоманам аз субҳи солеҳон то бегоҳ дар ба дари ҳамсояҳо гашта, фақат маро ғайбат мекунад.

Хусурам бошад, доимо писарашро насиҳат мекунад, ки “занро зан, намурад бо табар зан!” Шояд шумо гумон кунед, ки ман ягон келини танбалу ноуҳдабароям. На, ман аз соати аввал кӯшиш кардам, ки боиси эҳтироми хусуру хушдоманам гардам.

Шавҳари ман миёни шаш духтар ягона писар аст. Ду хоҳаршӯям аз шавҳар ҷудо шуда, бо чор кӯдакӣ дар хонаи мо ҳастанд. Хизмати онҳоро низ ба ҷо меораму сухане намегӯям. Доимо таъна мекунанд, ки туи пирдухтарро акаи мо гирифт. Аммо фикр намекунанд, ки шавҳари ман аз бадии модарашу онҳо як бор духтареро гирифта, бо ду кӯдак ҷудо шудааст. Ман барои шавҳарам бахти дуввумам. Дар деҳа ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунаму мардуми ин ҷо эҳтиромам мекунанд. Шавҳарамро дӯст дошта, ба шавҳар баромадам. Дирӯз хусурам туҳмат карда мегӯяд, ки “ту мардакора укол мекуниву лоиқи писари ман нестӣ!” “Тавба гӯед! гуфта, аввалин бор сӯяш дод задам. Хусурам ба писараш занг зада, даъво кард, ки гӯё ман ба сӯяш чойники оби ҷӯшро партофта бошам. Ин ҳам дарди бахайр.

Хушдоманам дар тӯйи арӯсии хоҳарам назди ҳамаи меҳмонон гуфтааст, ки "келинам бешарму танбал аст, хӯрокашро ман мепазам". Ҳол он ки аз рӯзе ман дар ин хона келин ҳастам, онҳо даст ба дегу табақ намебаранд. Кӯдаки хурдиамро, ки ҳоло шашмоҳа аст, ба наздаш бурда, зорӣ мекунам, ки “холаҷон, камакак нигоҳ кунед, ман зудтар кори хонаро ба сомон расонам”, дод зада мегӯяд, ки “таваллудат кардӣ барои худат, ба ман чӣ?” Аз дасти пайвандони шавҳарам девона шудаам. Аммо шавҳарамро дӯст медорам ва ҳаргиз нияти хонавайронӣ надорам. Аммо гоҳҳо ба дараҷае маро асабӣ мекунанд, ки нияти гурехтан ва ё худкушӣ мекунам. Чӣ кор кунам, ки бахтам насӯзад?

Н., аз «Кошонаи Шаҳло”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД