Ман ҷавонзани 29-солаи шаҳрӣ ҳастам. Се сол қабл аз шавҳарам ҷудо шуда, ба хонаи волидонам, ки дар яке аз бисёрошёнаҳои канори шаҳр воқеъ аст, баргашта кору зиндагӣ дорам.
Ман баъди хатми донишгоҳ се сол дар як идора карда бошам ҳам, боре бо ягон ҷавон муносибати ошиқона надоштам ва коре накардаам, ки боиси рехтани обрӯи ман ва волидонам гашта бошад. Ва бо дилпурӣ мегӯям, ки ягон ҳамсояи мо маро бо ҷавон ё марде боре ҳамроҳ надидааст. Азбаски ман бо либоси аврупоӣ мегардам, маҳз ҳамин рафторам боиси ғайбату пичинги ҳамсояҳои хонашини мо гаштааст.
Шабу рӯзе, ки ман ба шавҳар мебаромадам, ҳамсояҳо дар назди қудоҳое, ки барои арӯсбарӣ омада буданду дар беруни бино меистоданд, маро ганда карда, гуфтаанд, ки “як духтари назарбаланду танбали сарлуч” аст.
Хулоса, вақте бо айби шавҳарам мо хонавайрон шудем, ҳарчанд айби шавҳарам хеле вазнин бошад ҳам, ман ба хотири нарехтани обрӯи ӯ ва ояндаашро фикр карда, ба касе гунаҳкор буданашро нагуфтам. Ҳамсояҳои гапкови мо ҳеҷ сабаби оилавайрон шудани маро нафаҳмида, ба хулосае омаданд, ки айб дар ман аст ва боз аз пайи ғайбаткунӣ ҳастанд. Бовар кунед, аз субҳ то шом дар ҷои кор ҳастам, дар се соли аз шавҳар ҷудо буданам бо ягон мард робита накардаам, вале ҳамсояҳоямон ҳанӯз ҳам рафтану омадани маро мисли дурбин аз дур назора кардаву ҳангоми аз наздашон гузаштан гӯшакиву пичир-пичир мекунанд. Хеле хаста шудаам, ба модарам гуфтам, ки сарамро гирифта, ба хориҷа меравам. Модарам ғамгин шуда, “диққат надеҳ” мегӯянд, вале наметавонам. Агар гунаҳкор мешудам, диққат намедодам, вале беномус нестам!