Ман ҷавонзани 27-сола ҳастам ва мехоҳам қиссаи зиндагиамро нақл карда, аз хонандагони рӯзгордида маслиҳат бипурсам.
Вақте келин шуда ба хонаи шавҳарам омадам, хушдоманам ба ғайр аз ман боз се келини дигар дошт. Аз рӯзҳои аввал дарк намудам, ки муносибати авсунҳоям бо ҳамдигар хуб нест, чунки онҳо якдигарро ғайбат карда, паст мезаданд. Авсуни дуюмам аз ҳама шаттоҳтар буд, вай чунон маккорона дигар келинҳоро дар чашми хушдоман сиёҳ мекард, ки кампир сарҳисоби корашро гум карда, чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Авсуни лӯлиам ҳамеша аз пашша фил сохта, мо, келинҳоро бо ҳамдигар ҷанг меандохт. Бо касе соз намегирифт, ҳатто як бор бо хушдоманам ҷанг шуда, қариб табақи ошро ба сари кампир зада буд.
Дилам ба хушдоманам сӯхту баъди ситезакунон аз хона баромадани авсунам ба кампир гуфтам, ки минбаъд хушомад назанад, вагарна келинаш болои сараш мебарояд. Авсунам дар пушти дар истода гапи моро гӯш мекардааст, баробари аз дар баромадан аз мӯйи сарам кашида, маро латукӯб кард. Ҳамон шаб аз сӯзиши дасту пой ва аъзои баданам то саҳар хобам набурд.
Субҳ шавҳарам бо янгааш ҷанҷол кард, вале авсунам ба ҷойи бахшиш пурсидан чунон мағал бардошт, ки гӯё на вай маро, балки ман ӯро зада бошам. Хулоса, аз дасти ин лӯлӣ рӯз надорам.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Ҳ. Н.