Модар чӣ қадар бузург аст, ки барои фарзандаш ҷони худро дареғ намедорад, ба корҳои вазнину миёншикан даст мезанад, то кӯдаконаш гуруснаву ташна намонанд. Санифамоҳ модаре аст, ки 5 фарзандашро бо аробакашиву боклашкаҷамъкунӣ мехӯронаду мепӯшонад. Зиндагии сахту сангинеро, ки ин модар аз сар гузаронидааст, аз забони худаш мутолиа намоед.
Аз ошиқӣ то фиреб
Ман дар оилаи камбизоат ба дунё омадаам, волидонам дар хобгоҳ иқомат доштанду то ҳанӯз рӯзи худро базӯр мегузаронанд. Мактабро то синфи 5 хонда будам ва зиндагӣ маҷбурам кард, ки ба бозор баромада, ба фурӯши помидорқоқ, кабудӣ ва майда-чӯйда машғул шавам.
Дар синни 16-солагӣ ҷавоне бо номи Фирӯз Тағоев аз ноҳияи Ҳисор ба ман ошиқ шуда, мафтунам гашту бо фиреб маро бо худ ба шаҳри Қурғонтеппа гурезонида бурд. Дар он ҷо бо ҳам оиладор шудем, лек аз ин хонадоршавӣ ҳатто падару модарам огаҳӣ надоштанд. Панҷ сол бо Фирӯз зиндагӣ кардам, аммо як рӯзи хушро надидам. Чунон сахт азобам медод, ки танҳо худам медонаму Худованд.
Оилаи шавҳарам маро қадпаст гуфта, қабул накарданд, акнун мо дигар ҷойи рафтан надоштем, боз ба назди падару модарам омадам. Дар хонаи волидонам низ рӯзи хушро надидам, янгаҳоям суханони пасту баланд мегуфтанд, озорам медоданд.
Вақте Меҳринисо дар батнам семоҳа буд, Фирӯзро падараш барои аз ман ҷудо кардан, ба хизмати аскарӣ равон кард. Мани ҳомила боз дар хонаи падару модарам монда, гапшунави янгаву акоҳо гаштам, лекин ба ҳамааш тоқат мекардам.
Баъди таваллуди Меҳринисо Фирӯзро аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол доданд. Гоҳ–гоҳ ба хона барои хабаргирии мо меомад. Моҳҳое мешуд, ки тамоман гум мегашт ва дар ҳамин вақт Шоҳрухи писарам дар қадам пайдо шуд. Фирӯз аз ману фарзандонам дурӣ меҷуст. Борҳо ба назди бинои хизматиаш рафтам, баъзан ба дидорбинӣ мебаромад. Маро рӯйи дидан надошт, дар роҳ зада, биниамро хуншор мекард, бо “берси”-ҳои пояш ба лабу даҳонам мезад, лабҳоямро зада медаронд ва мани бадбахти дар хун оғушта, гирякунон ба хона меомадам. Чун ҷавону нодон будам ва ҳеҷ чизро намедонистам, ба ягон мақомот муроҷиат намекардам.
Баъди ҳар бори заданаш бо модараш омада, маро таваллову зорӣ мекард, ки ба ягон ҷо муроҷиат накунам, зиндагиамонро хуб мекунад, ба хонаи падару модараш мебарад. Бо чунин ваъдаҳои холӣ, маро фиреб медод ва мани нодон ҳам бовар мекардам.
Хиёнати шавҳар ва таҳқири хушдоман
Рӯзе падари фарзандам ба хона омада, гуфт, ки хонаи иҷора пайдо кардам, биё рафтем. Ман ҳам хушҳол шуда, бо шавҳарам рафтам. Баъдан фаҳмидам, ки Фирӯз бо яке аз занҳои иҷоранишин муносибат доштааст.
Маъшуқааш рӯзро бароям сиёҳ мекард, дар шикамам мезад. Мегуфт, ки ин ҳаромиат тез мурад, аммо Фирӯз ҳамаи инро дида, лаб во намекард. Баъди кулфату азобҳои зиёд боз ба хонаи модарам омадам. Вақти таваллуди Шоҳрух ду рӯз азоб кашидам, шароит надоштем, ки ба беморхона равам, баъди таваллуди писарам модарам бо як азоб ба Фирӯз занг зада, ӯро ба хона овард. Шавҳарам ваъда дод, ки дигар моро танҳо намегузорад ва ба хонаи худаш ба ноҳия Ҳисор мебарад.
Ҳамагӣ 6 моҳ дар хонаи шавҳарам зиндагӣ кардам. Бо ду кӯдак дар хона менишастам, ҳаққи аз дарвоза берун баромаданро надоштем. Хусурам марди наҷиб буд, хушдоманам бошад, таънаам мезад, падару модарамро дашном медод, хуллас дар он ҷо нони хурдаам дар баданам ош намешуд.
Оқибат хушдоманам маро зада, аз дар берун карду фарзандонамро надод. Дар кӯча бо овози баланд мегуфт, ки “Карлики ҳаромӣ аз хонаву дарам баромада рав, ки ҳавлиамро ифлос кардӣ, ту ба писарам лоиқ нестӣ, ман ӯро дубора хонадор мекунам, зани қадбаланд медиҳам”.
Ҳамин тавр, оғуштаи хун ба хонаи модарам омада, дар бозори “Саховат” ба самбӯсапазӣ сар кардам ва ҳар боре, ки ба хонаи шавҳарам ба дидани фарзандонам мерафтам, маро мезаданд. Мегуфтанд, ки дигар ба ин ҳавлӣ набиё, кӯдакон набояд туро шиносанд. Фарзандонам дигар тоқати дар он ҷо истодан накарданд ва қариб ҳар рӯз гурехта, ба наздам меомаданд, наздикони шавҳарам боз омада, кӯдаконро мебурданд.
Оилаи шавҳарам кӯдаконро ба назди ман равон мекарданд, ки барояшон либоси мактабӣ харида диҳам. Боре ҳам фикр намекарданд, ки ман чӣ гуна рӯз мегузаронаму дар куҷо зиндагӣ дорам. Меҳринисову Шоҳрухро ба номи ман (модари танҳо) сабт намуданд, яъне, фарзандонам модар доранду падар не. Бо хости худашон фарзандонамро ба нафақа бароварданд, Меҳринисо мегӯяд, ки “Модарҷон, чор сол боз намедонам нафақаи маро кӣ мегираду ба куҷо меравад?”
Ҷанҷоли янгаҳо ва зиндагии сагона
Баъди он ки Фирӯз зани дигар гирифт, ҷавоби маро дод. Соли 2009 дар бозори “Деҳқон” самбӯса мефурӯхтам, ки ҷавоне бо номи Назаралӣ ошиқам гардид, ӯ аз Норак буд. Рӯирост изҳори муҳаббат намуда, қавл дод, ки фарзандонамро пушту паноҳ мегардад.
Он вақт Мадинаи хурдсол дар дастам буд. Азбаски аз азобу кулфати зиёд монда шуда будам, ба хонадоршавӣ розӣ шудам. Се сол пас Сабрина дар қадам пайдо шуд. Вақте кӯдакам семоҳа буд, Назаралиро бо туҳмати дуздӣ панҷ сол паси панҷара шинонданд. Мани шӯрбахт боз ҳамон азоб, озор, дард, гапшунави янгаву акоҳо шудам.
Дар бозори “Корвон” ва назди хона семечкафурӯш шудам. Дар хонаи падарам байни янгаҳо аз рӯй кӯдакон ҷанг шуда, кор қариб ба ҷудошавӣ омада расид. Маҷбур шудам, ки як муддат дар берун хоб кунам, то оилаи бародаронам вайрон нашавад. Ин азоби сахттаринам буд, ки то ҳол аз ёдам намеравад.
Баъди аз зиндон баромадани Назаралӣ, дар поёни бозори “Корвон” хонаи иҷора гирифтем. Шавҳарам барои 20 сомонӣ аз саҳари барвақт то нисфи шаб “болгарӣ” мефаровард. Аллакай дар зиндон саломатиашро аз даст дода буд ва кори вазнин карда наметавонист. Лекин барои пеш рафтани зиндагӣ маҷбур ин корро мекард.
Дидем, ки бо 20 сомонӣ рӯзамон намегузараду пули иҷораро ҳам дода наметавонем, ба ин хобгоҳ кӯчидем. Се сол боз дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. Дар аввал чорсад сомонӣ пули иҷора месупоридем, ҳоло бошад, танҳо нархи давлатиаш, ки 100 сомонӣ аст, месупорему халос.
Ба Назаралӣ зиндагӣ ниҳоят сахт омад, вақте ҳомила будам ва Абӯбакр дар шикамам буд, ҳамроҳи шавҳарам ба селофанчинӣ ва боклашкаҷамъкунӣ мерафтам. Ба он хотир ҳамроҳаш мерафтам, ки Назаралӣ ҷавон аст, дилаш аз зиндагӣ намонад ва маро напартояд.
Дар ин байн дарди дандон ӯро азоб дод ва маҷбур шуд, ки ҷарроҳӣ кунад. Боз аробаи зиндагӣ ба сарам бор шуд, худам танҳо ароба кашида, “боклашка” ҷамъ мекардам, ки ҳамон рӯз шавҳару фарзандонам гурусна намонанд.
Ҳамин тавр, бори зиндагӣ ба Назаралӣ сахт омад ва оқибат ба арақнӯшӣ сар кард. Чун дид, ки моро хӯрондаву пӯшонда наметавонад, аз зиндагӣ бо мо даст кашид. Ман аз Назаралӣ хафа нестам, зеро вай ҷавон буду маро бо се фарзанд қабул кард. Вақте Меҳринисо дар беморхона хоб буд, Назаралӣ ароба кашида, пул ҷамъ мекард ва ба духтари ман хӯрок мебурд. Ин хубиҳои ӯро асло фаромӯш намекунам.
Ҳашт моҳ шуд, ки мо аз ҳам ҷудоем, вале то ҳанӯз ба дидори фарзандонаш меояд. Як моҳи охир аст, ки хӯрока харида, ба дасти кӯдакон равон мекунад. Умедворам, ки рӯзе ба назди ману фарзандонам бармегардад.
Баъди рафтани Назаралӣ шабу рӯз нагуфта, ба аробакашӣ машғул шудам. Зиндагиам ниҳоят душвор буд, танҳо барои як рӯз пули нон кор мекардам. Рӯзҳое мешуд, ки “боклашка” намеёфтам ва ноумед бармегаштам. Баъзан он нафаре, ки “боклашка” қабул мекард, бароям қарз медод ва мегуфт, ки "аз бори ин дафъа меовардаат ҳисоб мекунем".
Додани пули иҷора бароям ҳам зӯр омад. Маҷбур шудам, ки дар хобгоҳ бо духтарам фаррошӣ кунам, то аз мо пули иҷора нагиранд. Духтарам Меҳринисо маъюб аст, ин чорум маротиба аст, ки дар беморхона бистарӣ мешавад. Сабрина ва Абӯбакр то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надоранд.
Сабрина бояд ба синфи 2 равад, лекин шаҳодатнома надорад. Чун бо Назаралӣ никоҳи расмӣ надоштем, барои ҳамин барои фарзандонам шаҳодатномаи таваллуд гирифта натавонистам. 10 рӯз мешавад, ки дигар ба аробакашӣ ва боклашкаҷамъкунӣ намеравам.
Баъди наворе, ки дар бораи ман паҳн гардид, шахсони саховатманд ва бародарони муҳоҷир кумакам карданд. Садҳо маротиба шукри Худованд, ки фарзандонам рӯйи гӯшту хӯроки бомазаро диданд.