Arzon march 2024
АЗ ҶАНГУ ҶАНҶОЛ БА ДОД ОМАДАМ
16.08.2020
Р. Азимӣ
2172

 

Ҳар рӯз аз ҷангу ҷанҷоли падару модарам ба дод омадам ва сабабашро аз модарам пурсон шудам. Ба қавли модарам онҳо дар Сочи бори аввал шинос шуда, издивоҷ намуда буданд.

Модарам рус мебошад ва сокини ҳамон шаҳр аст. Падарам бошад тоҷик аст ва дар вақташ дар шаҳри Сочи муҳоҷир буд. Вай ки дар як сохтумони назди хонаи бобоям муҳандис буд, аз фурсат истифода бурда ба модари ҷавонам гап мепартофтааст. Ҳамин тавр онҳо якдигарро маъқул карда, ҳар рӯз якдигарро медиданд. Сипас, чун лайливу маҷнун ба якдигар дил бастанд. Ҳамин тавр, баъди чанд моҳ, бо розигии тарафайн онҳо издивоҷ намуданд. Ба гуфтаи модарам баъди тӯй онҳо 7-8 моҳ дар он ҷо дар иҷорахона зиндагї намуда, баъдан падарам, ки аз кор озод шуд модарамро ба Тоҷикистон овард.

Аслан модарам розӣ набуд, ки ба Тоҷикистон оянд. Аммо падарам бо ваъдаҳои зиёд модарамро дилпур намуда, ӯро ба хонаашон, яъне ба шаҳри Норак овард. Ҳамин ки ба хонаи бибиям омаданд, баъди 2 моҳ ман ба дунё омадам. Маро то 4 солагиям бибиям ба воя расонд. Хешовандони падарам маро аз кӯдакиям дӯст дошта чунон нигоҳубин мекарданд , ки ҳатто падару модарам он қадар бо ман навозишкорї намекарданд. Ман то ҳол ақлам намерасид, ки модарам рус аст. Баъдан дарк намудам, ки миллатам ним тоҷику ним рус будааст. Аммо аз забони модариямро, яъне русиро ба мисли тоҷикї хуб намедонистам. Падарам ба кори дигар даромада бароямон аз шаҳри Душанбе хона харид. Аз навозишу меҳрубонии бибию амакҳоям мондам. Дар мактаби русї то синфи 5 таҳсил намудам. Зиндагиямон осудаю фориғ мегузашту, аммо…

         Модарам, ки дур аз хешовандонаш буд, дигар тоқати дар ин сарзамин зистанро надошт. Азбаски падарам қавл дода буд, бо баҳонаи тайёр ҳар рӯз онҳо ҷангу ҷанҷолро мебардоранд. Аз тарс чунон гиря мекунам, ки ҷонамро аз танам гирифта истода бошанд. Ҳоло модарам ба як қарор омадааст, ки манро гирифта Тоҷикистонро тарк мекунад. Аммо падарам шарт гузоштааст, ки агар як қадам берун аз шаҳр шавад талоқашро медиҳад.

Ман ба модарам нисбати падарам меҳри беандоза дорам, аммо намехоҳам ватанамро тарк кунам, зеро дар ин мулки биҳиштосо чашми ҳастӣ кушодаам, намехоҳам дур аз бибию амакҳоям шавам. Падарам ҳам намехоҳад ман бо модарам бошам. Падару модарам ҷудо шуданиянд, вале ман намехоҳам. Аз ин хотир, тариқи ин саҳифа мехоҳам бо як – ду сухани таъсиромез онҳоро оштӣ кунонам.

         Падарҷон, модарҷон! Ман шуморо бениҳоят дӯст медорам! Илтимос хотири мани фарзанди хурдсолатон аз ҳамдигар ҷудо нашавед. Охир аз ҳеҷ чиз камӣ надорем. Оилаамон аз дигар оилаҳо фарқ мекунад. Илтимос, модарҷон, ба Русия наравед!

                                                        Сабринаи 12 сола аз Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД