Arzon march 2024
Аз ҷабри қайсингил ба Русия гурехтам
17.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1533

Салом! Ҷавонзани 25-сола ҳастам ва ду моҳ мешавад, ки ба Русия омадаам. Аз ҷабри қайсингил сарамро гирифта ба мулки рус омадам, то каме ҳам бошад,нафаси озод кашида, худро одам эҳсос намоям.

Сабрина ном дорам. Таъриф нашавад, духтари хеле зебо ва ҳунарманд ҳастам. Аз ӯҳдаи тамоми кор мебароям, ҳам дӯзандагӣ мекунам, ҳам пазандаи моҳир ҳастам ва ҳам ҳунари машшотагию ороишгарӣ дорам. Талабгоронам бисёр буданд, вале модарам маро ба писари дугонаи ҷонаш ба шавҳар дод. Домодро як ҳафта пеш аз тӯй дида бошам ҳам, бо як нигоҳ мо ба ҳамдигар дил бастем.

Шавҳарам чандон ҷавони зебо набошад ҳам, бисёр бачаи хуб, баодоб, меҳрубон ва ширинсухан аст. Аз даҳонаш умуман ҳақорату дашном намебарояд. Ёд надорам, ки касе ранҷонида бошад ё бо касе ҷангу ҷанҷолу даъво карда бошад. Хушдоманам ҳам занаки хуб аст, мисли дигар модаршӯйҳо чизу чораи хонаро қулф карда, дар сари келин чормағз намешиканад. Модаршӯям соҳибкор ва зани пулёб аст, на аз хӯрданӣ танқисӣ мекашидему на аз пӯшиданӣ.

Хушдоманам гули чизро харида меовард ва барои ману фарзандонам танҳо либоси хушсифати туркӣ мехарид. Росташро гӯям, ҳатто хешу табори худамон ҳам ба зиндагии хушбахтонаи ман ҳасад мебурданд, вале ҷабри хоҳари шавҳарам маро маҷбур намуд, ки аз баҳри ҳаёти осоишта гузашта ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам.

Шавҳарам ду апаю як хоҳар дорад. Апаи калониаш бизнесмен бошад ҳам, бисёр инсони хуб аст, касеро озор намедиҳад, вале апаи дуюм ва хоҳараш, ки ҳардуяшон аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи модарашон зиндагӣ мекунанд, аз мор ҳам бадтаранд. Хоҳарони шавҳарам худро маликаю маро канизи дари хонаашон гумон карда, рӯз то шом фақат фармонфармоӣ мекарданд. Яке се фарзанду дигарӣ ду фарзанд дошта бошанд ҳам, ҳатто кӯдакони худашонро ҳам нигоҳубин намекарданд. Рӯфтан, шустан, пухтани хӯрок, қабулу гусели меҳмон, хулоса ҳамаи кору бори хона танҳо бар дӯши ман буд, апаю хоҳари шавҳарам бо кӯдаконашон фақат нону хӯроки тайёрро хӯрда, худро орову торо дода, мегаштанд. Бовар кунед, ҳатто таҳпӯшҳояшонро ман мешустам ва дарзмол карда медодам. Онҳо маро ба дараҷае ғулом карда буданд, ки соатҳои 2-3 и шаб кӯдаконашон тар кунанд, дарамро зада “келин, хез, духтарчаи ман тар кардааст, памперсашро иваз кунед” гӯён, аз хоби ширинам маро бедор мекарданд. Ба қавли худашон дили нозукаашон беҳузур мешудааст. Ана гупу мана гап!

Хулласи калом, канизаки ду хоҳаршӯй будан ба дилам зад ва ба ҷону ҳоли шавҳарам намонда, талаб кардам, ки пул фиристад, ба Русия ба наздаш меравам.

Хушдоманам, ки аз нағмаҳои духтаронаш бохабар буд, садди роҳам нагашт ва ҳамин тавр ман ду кӯдакамро ба модарам гузошта ба Русия омадам. Айни замон дар як ошхона кор карда истодаам. Корам хуб аст, вале дилам ба ёди кӯдаконам гум мезанад.

Ба занҳои тоҷик, махсусан ба хушдоману хоҳаршӯйҳо гуфтаниям, ки бо келин мисли ғулом ё канизак рафтор накунед, охир келин ҳам одам аст ва мехоҳад инсонвор зиндагӣ кунаду ба қадраш бирасанд.

САБРИНА, аз шаҳри Маскав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД