Аз 26-уми январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз меёбанд
19.01.2026
Oila.tj
106

Аз 26-уми январ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, инчунин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд.

Нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тасдиқ шуда, мутобиқи он нишастҳо аз 26-уми январ оғоз ёфта, то 13-уми феврал идома хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҳамоҳанг месозанд.

Барои маълумоти иловагӣ рақамҳои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04 ва 946-04-00-00 пешниҳод шудаанд.

Ҳамчунин эълонҳо дар бораи вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза, дар рӯзҳои корӣ, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» - www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД