Чанд нафар аз фаъолони ҷомеа, ба монанди Алина Мустафина, Наталия Идрисова, Гулнора Амиршоева барои санҷидани вазъи буду боши ҳайвонот ҳар рӯз ба "Боғи ҳайвонот" мераванд.
Дирӯз дар Facebook гузориши як ҳафтаинаро нашр намуданд, ки дар он оварда шудааст:
Вазъи ҳайвонҳои "Боғи ҳайвонот"-и шаҳри Душанбе нигаронкунанда аст. Бемории COVID-19 таъсири манфии худро ба ҳайвонот низ расонд. Баробари одамон, ҳайвонҳо низ мурда истодаанд. "Боғи ҳайвонот" тамошобин надорад. Ҳолу аҳволи ҳайвонҳо бад аст, ҳатто нафаре нест, ки барои шикастани ташнагии онҳо, об барояшон диҳад, ҳол он ки боғи мазкур коргари зиёд дар ихтиёри худ дорад. Саволе ба миён меояд, ки наход барои хӯрока ва нӯшокии ҳайвонот маблағ ҷудо нашуда бошад?
26-майи соли 2020 ҷасади ламаро дарёфтанд. Шумораи дақиқи ҳайвоноти мурдашударо гуфтан душвор аст. Дафтари қайди ҳайвонот дар дасти "посбонҳои халқӣ" нест, аммо миқдори бум дар қафасҳо аниқ тағйир ёфтааст. Хабаре расид, ки қашқалдоқ ҳам ба ҳалокат расидааст.
Рӯзҳои гарму тафсон фаро расиданд, ҳайвонот зуд-зуд ташна мешаванд. Аз ҳама бештар ҳайвонҳои дарранда дар азобанд.
Масъулин ба масъалаи мазкур бояд муносибати ҷиддӣ намоянд. Агар аз ӯҳдаи таъмини ҳайвонҳо бо хӯрриш ва об набароянд, беҳтараш "Боғи ҳайвонот"-ро банданд. Бечора ҳайвонҳо як умр дар қафас мисли зиндонӣ орзуи озодиро мекунанд, ҳоло бошад, аз гуруснагию ташнагӣ ҷони онҳо дар азоб аст.