Торафт паст шудани маърифати хонаводагӣ, суст шудани тарбияи ахлоқӣ, аз байн рафтани ҳурмату эҳтиром ва ҳисси раҳму шафқат нисбат ба ҳамдигар боиси рӯ ба афзоиш ниҳодани ҷинояту ҷинояткорӣ гашта истодааст.
Таассуфовараш он аст, ки имрӯзҳо ҳатто писар ба падар, бародар ба бародар ва шавҳар ба зан раҳму шафқат накарда, бераҳмона қасди ҷони ҳамдигар менамоянд. Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сар задани боз як ҷиноят дар муҳити оила хабар дод. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад як сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон дастгир шудааст.
Ин марди 31-сола санаи 2-юми март бо ҳамсари 29-солааш ҷангу ҷанҷол карда, дар ҷараёни моҷарои хонаводагӣ бо қайчӣ ба занаш ҷароҳатҳои хуншор расонидааст. Зани аз дасти шавҳар ба хуни хеш оғушта гаштаро ба бемористон бурданд, марди бадхашм бошад, акнун барои амали бераҳмонааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.