Салом! Аслан мард набояд сирру асрори зиндагии оилавиашро пеши касе кушояд, вале ба хотири пойдории оилаам ман маҷбур шудам, ки мушкили худро гуфта, аз хонандагони сомона маслиҳат бипурсам.
Ман дар оилаи камбағал ба воя расида бошам ҳам, бо амри тақдир ба як бойдухтар ошиқ шудам ва бо талошу муборизаҳои зиёд ӯро ба занӣ гирифтам. Хусуру хушдоманам одамони бою бадавлатанд, вале дар бисоташон танҳо ду духтар доранду халос ва табиист, ки баъди сари онҳо ҳамаи давлату сарваташон ба духтарҳояшон мемонад.
Апаи занам “ман бойдухтар” гуфта, ба болои сари шавҳараш баромадааст. Қайсингилам мисли раққосаҳо ҳамеша орову торо карда, боғ ба боғу консерт ба консерт ва маърака ба маъракаю бозор ба бозор мегардад. Шавҳари латтааш даҳонаш бастагӣ барин ёрои пишаки занашро пишт гуфтанро надорад. Як дӯстам, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки қайсингилам на хусурашро ҳурмат мекунаду на хушдоманашро, аз ҳамин сабаб ман аз рӯзҳои аввали зиндагӣ занамро сахт доштам, то мисли апааш ба тори сари аҳли оилаамон набарояд. Занам чанд маротиба апаи сарватмандашро мисол оварда, язнаашро таъриф кард. Ин кораш аз ҷавшани ҷонам гузашта рафт. То ҷое, ки ман медонам, кору бори язнаи занам дар чанд соли охир бо кумаки хусуруш ривоҷ ёфта, пулдор шудааст, солҳои аввал зиндагиашон чандон шоҳона набудааст. Худо хоҳад мо ҳам ба рӯзҳои нек мерасем.
Хулоса, ману модарам намехоҳем, ки апаи занам ба хонаи мо омадурафт кунад, чунки занам ҳоло ҷавону хом аст ва зери таъсири апааш монда, аз худ рафтанаш мумкин аст. Аммо занам аз он ки мо ба апааш рӯйи хуш намедиҳем, бисёр асабонӣ шуда, ғурбату ҷанҷол мекунад. Ҳар дафъае, ки ба хонаи модараш равад ё бо апааш вохӯрад, занам тамоман тағйир ёфта, чанд рӯз рафтораш дигар мешуд, барои ҳамин дар наздаш шарт гузоштем, ки агар зиндагии ширин хоҳад, аз баҳри апааш гузарад, вале занам мегӯяд, ки вай дар бисоташ як фарзанди падар дорад ва барои шавҳар шуда аз баҳри апааш намегузарад. Мо аллакай соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк ҳастем, намехоҳам, ки аз рӯйи қайсингилам шуда, бачаҳоям бепадар гарданд.
Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
С. Ҳ.