Sebiston new 2024 october
АЙНӢ: МАРГИ СЕ НАФАР БАР АСАРИ ТАРМАФАРОӢ
3893


Дар ноҳияи Аинӣ воқеъ дар наздикии деҳаи Кумарги боло се нафар ҳалок шудаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, тарма дар назди корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Кооперация 19" фаромадааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа се корманди корхона, як сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокинони 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав зери барф чон додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҷасадҳо аз зери тарма бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.

Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар қаламравҳои кӯҳистонии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо боқӣ мондааст, вазъи пуршиддат дар роҳҳои кӯҳистонии кишвар боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар километри 550-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва 31 километри роҳи Хоруғ-Ишкошим низ тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии аҳолии кишвар хостаст, ки аз сафар ба ҷойҳои хатари тармафароидошта худдорӣ кунанд.
Қаблан ин ниҳод ҳушдор дода буд, ки бо сабаби гармшавии ҳаво ва боришот хатари фаромадани тарма ва дар баъзе минтақаҳо обхезиву сел то 15 март боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД